«ИХВОН-УЛ-МУСЛИМИН» ВА ТТЭ ҲИЗБИ НАҲЗАТ: умумиятҳои ҳамсон дар амалҳои ифротгароиву террористӣ

Январь 29, 2020 18:20

ДУШАНБЕ, 29.01.2020. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон 113 нафар аъзои  ташкилоти террористию экстремистии «Ихвон-ул-муслимин» ё «Бародарони мусулмон» (дар Тоҷикистон мамнуъ) дар қаламрави ҷумҳурӣ дастгир шуда, нисбат ба онҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Тавре Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Юсуф Раҳмон 28 январ зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иброз дошт, аз миёни 113 нафар, ки ба ҷурми пайравӣ аз ташкилоти террористию экстремистии «Ихвон-ул-муслимин» ба ҳабс гирифта шудаанд, 20 нафар кормандони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, як нафар корманди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ва ду нафар шаҳрванди хориҷӣ мебошанд.

Маврид ба зикр аст, ки аксари олимону коршиносони масоили сиёсиву амниятии минтақа муътакид бар онанд, ки умумиятҳои байни «Ихвон-ул-муслимин» ва ТТЭ ҲНИ, аз ҷумла таърих, ақида, равиш ва ҳадафҳои ҳамсон шаҳодат медиҳанд, ин ду созмони террористӣ дар ҳамкории пайваста бо созмонҳои байналмилалии террористӣ, аз қабили ДИИШ ва «Ал-қоида» хатари ҷиддӣ барои минтақа ва умуман сайёра мебошанд. Аз ҷумла, иштирокдорони Конференсияи сатҳи баланди илмӣ-тадқиқотӣ таҳти унвони «Миср ва Тоҷикистон дар мубориза бо терроризм:  робитаҳои таърихии ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ  ва «Ихвон-ул-муслимин», ки 14 сентябри соли 2019 дар  шаҳри Қоҳира баргузор гардид, пешниҳод намуданд, ки далелҳои исботшудаи илмӣ-тадқиқотӣ оид ба сарчашмаи ягонаи ақидавӣ ва робита миёни «Ихвон-ул-муслимин» ва ТТЭ ҲНИ бо дигар ташкилотҳои террористӣ ба таври густурда ба ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон дода шавад.

Устоди забони форсӣ-тоҷикии Донишгоҳи «Канали Суэтс»-и Миср ва дастхатшиноси шинохтаи мисрӣ доктор Рифъат Ҳусейн иброз медорад, ки   ташкилотҳои террористии «Ҳизби наҳзати исломӣ» ва «Ихвон-ул-муслимин»-ро, ки ҳарду бадхоҳи миллати тоҷику мисрӣ  мебошанд, таърих, ақида, равиш ва ҳадафҳои яксон ба ҳам мепайвандад.

Ноиби Муфтии диёри Миср доктор Маҷдӣ Ашӯр таъкид медорад, ки сифати “Хавориҷ” бар созмони “Ихвон-ул-муслимин” ва қанотҳои хориҷии он, минҷумла  ТТЭ ҲНИ, ки ҳамеша дар талоши таъсиси як неруи оппозитсионии зиддиҳукуматӣ ҳастанд, амалӣ мегардад. Онҳо ба “қолаб” бештар аҳамият дода, мазмуну тафсири таълимоти диниро ба инобат намегиранд. Низоми онҳо ба “пирамидаи чаппа” шабоҳат дошта, дар мадди аввал “ҷиҳод” ва пас аз он “ақидаи исломӣ”-ро меомӯзанд.

Ходими пешбари илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҳалим Одинаев дар матлабе таҳти унвони «Ихвон-ул-муслимин ва ТТЭ ҲНИ» (ҳафтаномаи «Фараж» №4 (686) аз 22.01.2020с.) умумиятҳои ақидавию фаъолиятҳои тахрибкоронаи Ихвон-ул-муслимин, ТЭТ ҲНИ ва ДИИШ-ро хеле зиёд  баршумурда,  бо ин далел «Ихвон-ул-муслимин»-ро бародар ва  ДИИШ-ро шогирди ТТЭ ҲНИ арзёбӣ намудааст.

Матни пурраи матлаби Абдуҳалим Одинаевро дар зер пешкаши хонандагон мегардонем:

«Дар замони муосир, ки зуд-зуд ба амал омадани ҳодисаю воқеаҳо ва падидаҳои гуногуни сиёсию фарҳангӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, илмию техникӣ аз рушди бемайлони инкишофи ҷамъият дарак медиҳанд, ташкил ёфтани ҳизбу ҳаракатҳои динӣ, пайдоиши гурӯҳҳои террористӣ ва амсоли инҳо ба пешрафти ин раванд шадидан монеа эҷод мекунанд. Махсусан, дар ҷомеаҳои суннатӣ, ки аксар русуми зиндагӣ ва фаъолияти доимиашон аз рӯи қонуну қоидаҳои динӣ сурат мегирад, пайдоиш ва ба кирдорҳои бешарафонаю паст даст задани ин гурўҳҳои ҷинояткор эҳтимолияти хеле зиёд дорад. Зеро дар ин ҷомеаҳо бештари мардум ба илму дониш ва ҷаҳонбинии илмӣ камтар таваҷҷуҳ дошта, аксаран ба бовару эътиқодоти динӣ такя менамоянд. Ва мусаллам аст, ки дар ин гуна ҷомеаҳо бартарият ба дасти рўҳониён мегузарад ва дар ҳама корҳо намояндагони динӣ афзалият пайдо мекунанд.

Чун хираду дониши ин қабил одамон аз доираи тангу тори дин ва мазҳаб берун баромада наметавонад, онҳо ҳодисот, воқеот ва равандҳои мухталифи дар атроф рўйдиҳандаро дуруст дарк карда наметавонанд. Ва чун дуруст дарк накарданд, ин ҳодиса ё падида ва ё равандро дақиқ ва шаффоф баҳогузорӣ карда наметавонанд. Вақте ки дар ҷамъият шахси афзалиятдошта сухан мекунад, каломи ў нисбат ба сухани дигарон таъсири бештар дорад ва эҳтимолияти аз ҷониби омма қабул гардидани он низ зиёд аст. Аз ин рў, дар чунин вазъият мутаассиби рўҳонӣ, ки ҳамеша аз бовару эътиқоди мардум сўистифода мекунад, дар ҷомеа ҳадафҳою манфиатҳои худашро пиёда менамояд. Солҳои 90-уми асри ХХ ҳамин гуна вазъият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳукмфармо гардида, аз фурсати ба дастомада рўҳониён, махсусан намояндагони созмони экстермистию террористии ҲНИ тавонистанд ба манфиатҳои ғаразноки худ ва хоҷагонашон истифода кунанд. Террористони наҳзатӣ мардумро ба майдоннишинию сангаркашӣ даъват карда, ҳама кўшишашонро барои пиёда сохтани амалҳои ғайриқонуни зидди давлат ва ҳукумат ва ваҳшониятҳои ғайриахлоқӣ ба муқобили мардуми ба онҳо ҳамроҳнашуда равона намоянд.

ТТЭ ҲНИ баробари фурўпошии ИҶШС аз моҳи декабри соли 1991 дар Тоҷикистон ба таври расмӣ ҳамчун ҳизби сиёсӣ ба қайд гирифта шуд. Аммо бинобар даст доштан ба нооромиҳои дохилии ҷумҳурӣ ё бо ибораи мардумӣ рехтани равған ба оташи ҷанги шаҳрвандӣ, дар соли 1992, фаъолият он мамнўъ эълон карда шуд. Бо вуҷуди ин, роҳбарону фаъолони ҳизб дубора фаъолияти худро ҳамчун Ҳаракати наҳзати исломӣ дар хориҷ аз кишвар идома доданд. Баъди имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ТТЭ ҲНИ авф гардид ва дубора иҷозаи фаъолияти расмиро касб намуд.

Дар баробари таърихи ТТЭ ҲНИ ба таърихи пайдоиш ва рушди яке аз созмонҳои дигари террористии исломӣ – Ихвон-ул-муслимин ба таври иҷмолие назар намоем, ду тарафи як тангаро мушоҳида мекунем. Зеро Ихвон-ул-муслимин ҳам чун ТЭТ ҲНИ созмони мазҳабӣ-сиёсиест, ки ҳанўз моҳи марти соли 1928 аз тарафи муаллим Ҳасан ал-Банна дар Миср ташкил шуда, соли 1933 идораи марказиашро ба шаҳри Қоҳира кўчонид. Дар тўли фаъолияти худ созмони мазкур чандин амалиётҳои бузурги террористиро ба анҷом расонида, барои тақвият ёфтани фаъолияти кориаш бахшҳояшро дар Сурия, Фаластин ва Ироқ ифтитоҳ карда буд. Масалан, бахши фаластинии он ҳаракати исломии «Ҳаммос» аст. Дар охири Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ бошад, тақрибан 500 ҳаз. нафар аъзо дошт. Ҳанўз соли 1954 баъд аз қасди номуваффақ ба ҷони президенти собиқи Миср Ҷамол Абдул Носир фаъолияти Ихвон-ул-Муслимин манъ карда шуд.

Мувофиқи рисолат ва ойинномаи худ, собиқ ҲНИ мақсад дошт бунёди ҷомеаи пешрафтаи иқтисодӣ, мустақил, озод ва босубот сохта, ба волоияти қонун, адолати иҷтимоӣ, мардумсолорӣ, шоистасолорӣ ва каромати инсонӣ расад. Мақсади дигари он ба даст овардани аксарияти курсиҳо дар парлумон ва маҷлисҳои маҳаллӣ буд. Мутаассифона,   барои ба ин мақсадҳо расидан на аз принсипҳои қабулшудаи давлати демократӣ ва қонунҳои амалкунанда, балки мушоҳида гардидааст, ки аз роҳҳои дигари ғайриқонунӣ истифода намуд. Имкониятҳои ҲНИ-и собиқ хеле калон буд, ки дар самтҳои мухталифи ҳаёти кишвар фаъолият дошта, зимни фаъолияти худ дар интихоботи парлумонӣ ва маҳаллӣ дар тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ саҳми сазовор гузошта, дар ин раванд мардумро барои риояи қонунҳои амалкунанда талаб намояд, меҳру муҳаббат ва боварии онҳоро ба сохторҳои давлатӣ равона кунад. Вале, интихоботҳои парлумонии солҳои 2010 ва 2015 нишон доданд, ки баръакс, дар чунин лаҳзаҳо чунон амалҳое ба роҳ монда мешаванд, ки гўё давлат аз мардум ҷудо бошад. Маҳз дар ҳамин соли 2015 ТЭТ ҲНИ бо роҳбарии ҳоҷӣ-генерал Ҳалим Назарзода бо роҳи ғайриқонунӣ ба даст овардани ҳокимиятро, ки «Ихвон-ул-муслимин соли 1954 дар Миср анҷом дода буд, созмон доданӣ шуд. Ва ҳатто, Кабирӣ дар як баромадаш рўйрост ҳамкорӣ доштан ва аз идеяҳои якдигар истифода кардани ТЭТ ҲНИ ва «Ихвон-ул-муслимин»-ро ироа дошта, Мурсиро барои ба сари қудрат омаданаш низ табрику шодбош гуфта буд.

Дар замони муосир ҳаводиси гуногуни олами ислом — Сурия, Ироқ, Фаластин, Либия, Афғонистон, Покистон ва ҳоказо, ки аз нооромию ноамнӣ ва носуботию ҷангзадагии мамолики мусалмоннишин дарак медиҳад, тамоми мардуми сайёраро нигарон кардааст. Зеро аксари сокинони кураи арз медонанд, ки аз ҷониби гурўҳҳои ифротӣ ва террористӣ ҷавонони зиёде аз манотиқи мухталифи сайёра, аз ҷумла Тоҷикистон ҷалб карда мешаванд ва имрўзҳо ба муқобили сохторҳои қонунии давлатҳои Ироқу Сурия ҷангида истодаанд. Вале, ҲНИ дар  вақти расман фаъолияти доштани худ ягон маротиба дар саҳифаи сомона, ҳафтанома, маҷаллаи худ ва ё дигар воситаҳои ахбори омма дар ин бора даъват ба амал наовард, ки иштирок дар ин набардҳо аз нуқтаи назари дини ислом гуноҳи бузург аст. Баръакс, ташкилоти мазкур ин падидаҳоро дар воситаҳои ахбори омма ҳаргуна тоб дода, калтаки дасти худ карда буд. Инчунин, ба ҳар роҳу восита садо баланд мекард, ки имконияти надодани иҷрои рукнҳои исломӣ ҷавононро ба радикализм ва экстремизм мепайвандад. Дар он рўзҳое, ки мардуми кишвар барои нигоҳ доштани фарҳанг ва либоси миллӣ амалҳои заруриро меандешид, террористони наҳзатӣ пўшидани сатру ҳиҷоби аз мардуми бегона овардашударо ҳимоя карда, амалҳои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ғайриқонунӣ ва ғайришариатӣ меномиданд.

Яке  ташкилотҳои ҷадиди террористии исломӣ Давлати исломии Ироқу Шом аст, ки тамоми ваҳшониятҳои давоми солҳои фаъолияти хеш анҷомдодааш шабеҳи амалҳои разилонаи ТЭТ ҲНИ мебошанд. Аз ин нуқтаи назар, идеологияи ТЭТ ҲНИ ба амалҳо ва ваҳшониятҳои ДИИШ ду паҳлўи як танга буда, фаъолиятҳои хеле ва хеле шабоҳатноку идоманоки онҳо нишонаи бармалои ин гуфтаҳост. Ин нуктаро аз тарафи ДИИШ кўшта шудани зиёда аз 50 000 мусалмон, зинда ба зинда ба гўр рафтани 150 нафар занону духтарон  онҳое, ки ба никоҳи ҷиҳодӣ розӣ нашуданд, парронда шудани 21 нафаре, ки аз дини дигар пайравӣ мекарданд, сўзонидани 45 нафар намояндаи мазҳаби дигар, қатли 13 нафар навраси футболро тамошокарда ва дигар амалҳои ғайриахлоқию ғайриинсонии намояндагони ДИИШ дар Ироқу Сурия комилан собит менамоянд.

Ин ҳама ваҳшониятҳое мебошанд, ки чанд нохалафони мардумбезор дар ниқоби ислом алаҳйи исоният ҷанг эълон карданд. Ниқобе, ки гурўҳе аз он дар Тоҷикистон низ барои даст задан ба корҳои пасту разилона ва ғаразҳои нопоки сиёсиашон истифода мебурданду истифода бурдан мехоҳанд. Ба ҳамагон маълум аст, ки «Ихвон-ул-муслимин ва ТЭТ ҲНИ ва рўҳониҳои иртиҷоии дигар аз нигоҳи идеологӣ корбариҳои якхела доранд. Зеро дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва пас аз ба имзорасии Созишномаи сулҳ ТЭТ ҲНИ ҳам ҳамин гуна амалҳои дар боло зикргардидаи «Ихвон-ул-муслимин»-ро анҷом дода буд, яъне маҳз бо «шарофт»-и ҳамин ташкилот беш аз 150 ҳазор нафар тоҷикистониён кўшта шуданд.

Агар ТЭТ ҲНИ замони расман фаъолият доштанаш, майл ба ҷониби терроризм ё дар амалиётҳои террористӣ даст намедошт, он гоҳ роҳбари террористони наҳзатӣ Кабирӣ соли 2012 Толибонро прагматик намегуфт. Ва инчунин, аз террористе бо номи  Мурсӣ ва ҳизби террористии ў «Ихвон-ул-муслимин» пуштибонӣ намекард. Азбаски дар замир ва бунёди ТЭТ ҲНИ амалҳои нопоки ҷудоиандозию таҷовузкорӣ ва қаллобию харобкорӣ нуҳуфтааст, бинобар ин аз ҳамчун худаш гурўҳҳо ва ҳаракатҳои террористию иртиҷоӣ ҷонибдорӣ менамуд ва ба онҳо ҳамкорӣ мекард.

Ҳамин тавр, умумиятҳои хеле ва хеле зиёде байни Ихвон-ул-муслимин, ТЭТ ҲНИ ва ДИИШ ба назар мерасанд ва ин далели он аст, ки «Ихвон-ул-муслимин» бародар ва  ДИИШ шогирди ТЭТ ҲНИ мебошад».

Январь 29, 2020 18:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ИФРОТГАРОӢ-ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ. Бояд ба тарбияи дурусти ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуд
ДУШАНБЕ — ҶАВҲАРИ ҶИЛОНОК ДАР БАЙНИ КӮҲҲОИ САРБАФАЛАККАШИДАИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба Рӯзи пойтахт
ИМРӮЗ- РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ. Онҳо дар сафи пеши ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон, ҳимояи қонуният ва адолат қарор доранд
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН! Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт
Маърифати ҳуқуқӣ ва экологӣ — омили ободкориву созандагӣ. Эҳдо ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон
Дар Хатлон якчанд ноҳия даъвати баҳориро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст намуданд
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Дар Душанбе вобаста ба хатари хурофот ва ифротгароӣ ҳамоиш доир шуд
ҲАҶ ФАРЗ АСТ Ё ХУДНАМОЙИИ ҲОҶИЁН? Агар зоирон нисфи хароҷоти исрофкоронаашонро барои бунёди пул, ҳаммом, кандани ҷӯй сарф менамуданд, аҷру савоби бештар мегирифтанд
Дар шаҳри Бӯстон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуд
Тоҷикистон дар самти мубориза бо терроризму экстремизм яке аз давлатҳои пешсаф аст