Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар «FITUR»-и Испания ба намоиш гузошта шуданд
ДУШАНБЕ, 27.01.2020/АМИТ «Ховар»/. Ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон, назири «Ориент Адвентур», «Куҳандиз» ва «Саёҳати Саразм» дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии тиҷоратии «FITUR»-и Испания, ки аз 22 то 26 январ дар Мадрид зери шиори «Роҳи Абрешим дар Осиёи Мазказӣ» доир гардид, иштирок намуда, захираю имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро муаррифӣ намуданд.
Аз Кумитаи рушди сайёҳии мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки намоишгоҳи Мадрид яке аз намоишгоҳҳои калонтарин барои воридшавӣ ба бозори Амрикои Лотинӣ маҳсуб мешавад. Намоишгоҳи мазкур беш аз 30 сол аст, ки ҳамчун як платформаи коммуникатсионии глобалӣ барои таҳияи стратегияҳои оянда бо назардошти тағйирёбии талаботи истеъмолкунандагон ва чун қоида барои пешбурди тиҷорати туристӣ хизмат мерасонад. Дар намоишгоҳи мазкур агентиҳои сайёҳӣ, ассотсиатсияҳои сайёҳӣ, ширкатҳои намоишӣ, меҳмонон ва табақаҳои оммавӣ ширкат намуданд.
Бояд тазаккур дод, ки бо дарназардошти захираҳои бойи таърихию фарҳангии Тоҷикистон ЮНЕСКО ва Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ Тоҷикистонро ба барномаи «Тарғиби мероси таърихии давлатҳои Шоҳроҳи Абрешим» шомил намудаанд. Иштирок дар ин барнома имкон медиҳад, ки иншооти таърихию фарҳангии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчун мавзеъҳои сайёҳӣ муаррифӣ шаванд.
Ҳамчунин самаранок истифода намудани чор пайроҳаи таърихии Шоҳроҳи Абрешим, ки аз Тоҷикистон мегузаранд, ҳамчун бренди сайёҳии мамлакат баҳри ташрифи бештари сайёҳони хориҷӣ ба ҷумҳурӣ мусоидат менамояд.
Бо назардошти мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистон, ки дар қалби Осиё ҷойгир аст, ҷумҳурии мо метавонад ҳамчун давлати транзитӣ барои сайёҳони кишварҳои Аврупо, Осиёи Ҷанубӣ ва минтақаҳои Уқёнуси Ором истифода шавад. Аз ин сабаб, сиёсати «Осмони кушод» дар Тоҷикистон манфиати бештар меорад.








Барои рушди соҳаи боғу токпарварӣ — барномаи чоруми давлатӣ татбиқ мегардад
«БАРНОМАИ МИЁНАМУҲЛАТИ РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ».Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
ТИҶОРАТИ РАҚАМӢ. Он ба густариши фаъолияти соҳибкорӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ мусоидат менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои ҳифзи боғҳо корҳои агротехникии тирамоҳӣ аҳамияти муҳим доранд
Истгоҳи обуҳавосанҷии Горбунов дар пиряхи «Тоҷикистон» навсозӣ карда мешавад
ҚАТЪНОМАИ ТАЪРИХӢ БАРОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ. Чӣ гуна ташаббуси Президенти Тоҷикистон зеҳни сунъиро ба рӯзномаи Маҷмаи Умумии СММ ворид кард
Ба бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ таваҷҷуҳро бештар намоем. Шарҳи коршинос
Ҳаҷми маблағгузории Фонди иқлими сабз барои Тоҷикистон ба 235 миллион доллар расидааст
Ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МАЪРИФАТ ВА ФАРҲАНГИ ЭКОЛОГӢ». Он ба баланд бардоштани фарҳанги экологии аҳолӣ равона шудааст
Тоҷикистон дар COP31 таъсиси платформаи минтақавии инноватсияҳои «сабз»-ро дар Осиёи Марказӣ пешниҳод намуд
Директори Агентии авиатсияи гражданӣ Ҳабибулло Назарзода дар Ассамблеяи 43-юми ИКАО дар шаҳри Монреали Канада иштирок намуд






