Имрӯз блоки СААШ оид ба вазъияти Ироқ машварати таъҷилӣ доир мекунад

Январь 6, 2020 10:03

ДУШАНБЕ, 06.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Созмони Аҳдномаи  Атлантикаи Шимолӣ (СААШ)  тасдиқ намуд,  ки баъд аз куштори генерали эронӣ Қосим Сулаймонӣ дар шаҳри Бағдод дар натиҷаи  зарбаи ҳавоии амрикоиён, 6 январ дар шаҳри Брюссел ҷаласаи таъҷилии Шӯрои ин ниҳод доир  мегардад. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора ба ТААС  рӯзи якшанбе аз хадамоти матбуоти иттиҳод хабар доданд.

«Дабири кулли СААШ баъд аз машварат бо кишварҳои иттиҳод, барои даъват намудани сафирони давлатҳои аъзо қарор қабул намуд. Шӯрои  Атлантикаи Шимолӣ вазъиятро дар минтақа рӯзи душанбе, 6 январ баррасӣ менамояд», -хабар доданд аз хадамоти матбуот. Ҷаласа соати 15:00 ( 17:00 бо вақти Москва)  пешбинӣ шудааст. Шӯрои  Атлантикаи Шимолӣ, ин мақоми доимии роҳбарикунандаи СААШ  буда, ба он намояндагони доимии тамоми кишварҳои иттиҳод дар Брюссел шомиланд.

Қаблан хабар доданд, ки дабири кулли СААШ Йенс Столтенберг қарор қабул кард, ки бинобар сабаби тезтунду шудани вазъият дар Шарқи Наздик баъд аз марги генерали эронӣ Қосим Сулаймонӣ дар Ироқ, рӯзи душанбе «ба  таври фаврӣ» ҷаласаи шӯрои Атлантикаи Шимолиро доир намояд.

 Ақибнишинӣ аз Ироқ?

4 январ бинобар мавҷудияти хавф ба амнияти мушовирони худ, СААШ кори ҳайати намояндагии худро дар Бағдод ҷиҳати омода намудани ҳарбиёни ироқӣ, қатъ кард.  Намояндаи иттиҳод изҳор дошт, ки ин  қарори мустақилонаи Созмон аст. Вале, тибқи иттилои манбаъҳои дипломатӣ, иттиҳод ин иқдомро зери фишори ҷониби Ироқ, ки пурра боздоштани кори намояндагиро талаб  намудааст,   қабул кардаст.

Рӯзи якшанбе дар ҷавоб ба зарбаи ҳавоии Амрико дар қаламрави худ Ироқ иқдоми зеринро қабул намуд ва ин бошад қатъномаи парлумон аст, ки ҳукуматро барои хотима бахшидан ба  будубоши ҳарбиёни хориҷӣ дар ҷумҳурӣ, қатъ намудани ҳамкорӣ дар доираи созишнома оид ба бехатарӣ, ки  бо неруҳои байналмилалии зиддитеррористии эътилоф ба имзо расида буд, вазифадор менамояд.

Шӯрои Атлантикаи Шимолӣ, ин мақоми олӣ оид ба қабули қарорҳои сиёсии СААШ мебошад. Вай аз намояндагони доимии кишварҳои аъзои иттиҳод иборат буда, ҷаласоти худро тибқи маъмул ҳафтае як маротиба доир менамояд. Тақрибан ҳар нимсола як маротиба мулоқотҳо дар сатҳи  вазирони корҳои хориҷӣ ва мудофиа доир мегарданд.

Январь 6, 2020 10:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид