Имрӯз таҳти раёсати Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҷаласаи навбатии Шўрои миллии муқовимат ба коррупсия баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 28.01.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрўз таҳти раёсати Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҷаласаи навбатии Шўрои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ҷаласаи навбатии Шўрои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан 4 масъала мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд. Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода таъкид намуд, ки аз рўзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ муқовимат ба коррупсия дар меҳвари сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, барои пешгирӣ аз амалҳои коррупсионӣ ва мубориза бо он қонун ва стратегияҳои зиёд қабул шудаанд. Яке аз онҳо «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ба шумор меравад. Қабул ва амалӣ гардидани стратегияи мазкур дар мамлакат шароит фароҳам овард, ки шиддати коррупсия ва ҷиноятҳои алоқаманд ба он коҳиш ёбад.
Таъкид карда шуд, ки «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» аз 89 банд иборат буда, мониторинги ҳолати иҷрои он соли 2019 дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои давлатӣ нишон дод, ки 72 банди он пурра иҷро гардидааст.
Дар ҷаласаи навбатии Шўрои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳияи Рўдакӣ оид ба ҳолати иҷрои «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» шунида шуд.
Дар охир «Нақшаи кории ҷаласаи навбатии Шўрои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020» ҷиҳати амалисозии нақшаи ҷорабиниҳои «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» баррасӣ ва қабул карда шуд.









Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд






