«Инқилоби китоб», «Тиллои сурх» ба беш аз сад дард давост»,-шарҳи матбуоти даврӣ

Январь 30, 2020 14:10

ДУШАНБЕ, 30.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи гузашта матбуоти даврии Тоҷикистон кадом мавзӯъҳоро пайгирӣ намуд? Рӯзноманигорон  доир ба ҳодисоти дохил ва рӯйдодҳои берун аз мамлакат чӣ андеша доштанд? Дар ин мавзӯъ шарҳи АМИТ «Ховар» пешниҳоди хонандагони сомона мегардад.

Ин ҳафта хабару гузоришҳо аз таҷлили Иди Сада, ки охирин ҷашни мавсимии сол қабл аз Наврӯз аст, дар сархати расонаҳои даврии ҷумҳурӣ  қарор дошт.

Дар шумораи навбатии Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурият» (29.01.20, №21)  дар  баробари хабару гузоришҳои расмӣ  мақолаи  доктори илмҳои сиёсӣ, узви вобастаи Академияи илмҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Ятимов  таҳти унвони  «Паёми Пешвои миллат ва масъалаҳои рушди маърифат»  ба нашр расидааст.

«Аз мундариҷаи Паём зарурати иродаи қавӣ барои илмомӯзӣ ҳувайдост. Бамақсадрасӣ – маънои ғолиб омадани рӯҳи инсонӣ бар ҷисм аст. Моҳияти ин ҳуҷҷати муҳим бо суханҳои Г.В.Ф. Гегел мувофиқ меояд: «Инсон наметавонад табиатро зери даст бигирад, агар худро ба даст гирифта натавонад». Илм омӯхтан маънои заҳмат кашидан ва ҳаққи худро аз  имконоти табиат ситонидан аст. Таъкид карда мешавад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои  рушди илму маориф  нақшаҳои мукаммал роҳандозӣ намудааст. Тараққиёти иқтисодӣ, ҳамчун натиҷаи он, беҳтар гаштани вазъи иҷтимоии аҳолии  мамлакат  дар кулли самтҳо бо далел ва рақамҳои мушаххас, ба таври эътимоднок нишон дода шудааст.»,- зикр намудааст номбурда.

С. Ятимов  дар матлаби мазкур таъкид намудааст, ки кӯшишҳои Пешвои миллат  дар масъалаҳои касбомӯзӣ, баланд бардоштани маҳсулнокии меҳнат бо роҳи самаранок истифода бурдани илм,  маърифат, аз худ кардан ва такмил додани воситаҳои истеҳсолот аз қисматҳои таркибии фаъолияти Ҳукумат дониста мешаванд.

Дар ин шумораи  «Ҷумҳурият»  мақолаи таҳлилӣ таҳти сарлавҳаи «Эътимод сафи соҳибкорони ватандӯстро меафзояд» ба нашр расидааст, ки муаллифи он сардори Раёсати корҳои дастгоҳи марказии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфулло Наврӯзов мебошад.

Муаллиф дар мақолаи мазкур  иброз доштааст, ки танҳо дар се соли охир тибқи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳру деҳоти  мамлакат аз ҳисоби соҳибкорону шахсони саховатпеша ва аҳолӣ 1450 километр роҳҳои ҷумҳуриявию маҳаллӣ ва 108 пул бунёду таҷдид карда шудаанд. Ҳамчунин танҳо соли гузашта 32 иншооти иҷтимоӣ бо қариб 10 ҳазор ҷойи нишаст аз ҳисоби соҳибкорон ба маблағи 122 миллион сомонӣ бунёд ёфт ва бо саъю кӯшиши онҳо зиёда аз 400 муассисаи фарҳангӣ, 105 беморхонаву дармонгоҳ, 257 маркази саломатӣ ва 467 бунгоҳи тиббӣ бунёд ва таъмиру навсозӣ  мешаванд.

«Таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон нишон медиҳад, ки соҳибкорон танҳо дар он сурат ба саҳмгузорӣ дар рушди мамлакат  ҳавасмандӣ зоҳир мекунанд, ки ба Сарвари давлати хеш эътимоди комил дошта, фаъолиятҳои созандаи ӯро ҳамаҷониба дастгирӣ намоянд, аз имтиёзҳои лозима бархӯрдор бошанд ва итминон ҳосил кунанд, ки тамоми иқдомоти Сарвари давлат ба нафъи онҳо ва мардум аст»,- мегӯяд Л.Наврӯзов.

Нашрияи парлумонии мамлакат «Садои мардум»  (№12 аз 23.01.2020)    зери рубрикаи «Ба «Садои мардум ҷавоб омад»   вокунишҳои Вазоратҳои кишоварзӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба  мақолаи Сайфиддин Суннатӣ бо унвони «Тиллои сурх» ба беш аз сад дард давост»  («Садои мардум», №146 аз 3 декабри соли 2019)   рӯи чоп овардааст.

«Мутаассифона, заъфарон гиёҳи фаромакопӣ нест, аз ин рӯ, дар тибби муосири давлатҳои Аврупо ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз ҷумла, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода намешавад. Дар асоси ин рустанӣ низ ягон дору барои тибби маъмулӣ истеҳсол намекунанд.

Ҳамзамон қисми фоидабахши ин рустанӣ гардбарги он мебошад, ки ба ҳисоби миёна барои ба даст овардани  як килограмми он 108000 бех ниҳол зарур аст, ки он аз 3 гектар ҷамъоварӣ ва барои парвариши он тақрибан 20000 сомонӣ масраф мешавад. Агар дар ҳамин андозаи замин рустании дигари фоидаовар кишт шавад, ҳам барои парвариш маблағи кам сарф мегардад ва ҳам фоидаи бештар ба даст меояд. Бинобар ин, парвариши заъфарон дар шароити  ҷумҳурии  мо камманфиат ҳисобида мешавад»,- чунин  нигоштааст  Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насимҷон Олимзода дар ҷавоб ба мақолаи зикршуда.

Дар вокуниши муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон  З.Зеваршоев ба ин мақола чунин омадааст: «Аз рӯи маълумоти олимон, барои зироати заъфарон иқлими хушку қумзамин созгор аст, ки дар ҷумҳурии мо мавҷуд аст. Дигар хосияти биологии заъфарон он аст, ки офтоби сӯзонро дӯст намедорад, дар акси ҳол ҳосилаш нисбатан кам мегардад. Аз ин рӯ, барои парвариши он минтақаҳои барои рушди ин намуди зироат мувофиқ интихоб намудан лозим аст. Новобаста аз ин, пешниҳоди муаллиф оид ба парвариши заъфарон дар дохили ҷумҳурӣ қобили дастгирист. Ба ин хотир, бо пешниҳоди лоиҳаҳо ва ҷалби сармояи ташкилотҳои байналмилалӣ, вазорат якҷоя бо олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур ин масъаларо мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод».

Дар шумораи навбатии  нашрияи расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Народная газета» (29.01.2020, №5)   хабарҳо   оид ба амал овардани таъиноти кадрӣ  дар як қатор вазорату идораҳо ва шаҳру ноҳияҳои  мамлакат аз тарафи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  нашр шудаанд.

Ҳамзамон фармонҳо, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амрҳои Президенти мамлакат оид ба  тағйироти кадрӣ рӯи чоп омадаанд.

«Сада – символ света и тепла» бо ин сарлавҳа Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни Сада нашр гардидааст.

Дар рубрикаи «Интихобот —  2020» маводи  васеъ таҳти унвони  «Роль СМИ в избирательном процессе» дар бораи  нақш ва вазифаҳои  воситаҳои ахбора омма дар маъракаҳои интихоботӣ  нақл мекунад. Инчунин дар мавзӯи интихобот маводи зерин чоп гардиданд:  «Кандидатура Рустами Эмомали выдвинута в депутаты Маджлиса народных депутатов города Душанбе», «ЦКВИР утвердил список кандидатов от политических партий», «Выборы являются действенным инструментом осуществления народовластия» ва «Конференция организаций НДПТ в районе Шохмансур» .

Дар ин шумораи  «Народная газета»  зери   рубрикаи  «Аз Паём то Паём»  мусоҳиба бо Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов бо номи  «Ёдгор Файзов:  «Послание Лидера нации дает нам надежду»  нашр гардидааст.

Инчунин дар рубрикаҳои  «Об барои рушди устувор», «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ  ва ҳунарҳои мардумӣ», «Маориф ва илм», «Нақши зан дар ҷомеа», «75 солагии  Ғалаба»  мақолаҳои ҷолиб   нашр гардидаанд.

Дар шумораи навбатии  нашрияи  КИ ҲХДТ  «Минбари халқ» (№5 аз 29.01.20) дар баробари хабару гузоришҳо аз ҳаёти ҳизбӣ таҳти сарлавҳаҳои зерин матолиби ҷолибу хонданбоб пешниҳоди хонандагон гардидаанд: «Гӯшту тухми мурғ фаровон мешавад?», «Лайкинг: аз тарғиб то масъулият», «Арчаҳоро худсарона набуридаанд», «Ёди покон будааст умре балогардони ман…», «Тоҷвирус»: ҷаҳон дар ташвиш», «Сарчашмаи саодат ва худшиносии миллӣ», «Номзадҳои арзанда ба маҷлисҳои маҳаллӣ пешбарӣ шуданд» ва  «Инқилоби китоб».

Муаллифи мақолаи  «Инқилоби китоб» Ибодуллоҳи Тоҳир  андешаҳои худро доир ба ташаббуси Нашриёти «Адиб» намоиш –фурӯши китоб,  ки 25 январ дар назди Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ доир гардид, баён намудааст.

Номбурда, аз ҷумла чунин нигоштааст: «Дар ин рӯз 10 ҳазор китоби арзишманд пешкаши ихлосмандони каломи бадеъ гардонида шуданд.  Банда боре ҳам чунин бозори гарми  китобфурӯширо дар ҷое надида будам. Дар як лаҳзаи кӯтоҳ  қисми зиёди китобҳои пешкашшуда  харидорӣ шуданд, аммо ба бисёриҳо китоб нарасид. Бинобар ин, масъулин маҷбур шуданд, ки рафҳои холишударо  аз нав пур кунанд».

И. Тоҳир дар ин маврид  андешаи  Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насруллоро пешниҳоди хонандагон гардонидааст, ки  ӯ гуфтааст:

«Бозгашт ба китоб- ин бозгашт ба маънавиёти бузурги мо, бозгашт ба асолати милли мост».

  Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар

Январь 30, 2020 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Восеъ 19 ҳазору 540 нафақагир сабти ном шудаанд
Масоили марбут ба ташкили давраи омӯзишӣ дар бахши фанновариҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ баррасӣ шуд
Теъдоди ҳалокшудагони обхезӣ дар Бразилия аз 70 нафар гузашт
«Амонатбонк» меъёри фоизи қарзҳоро аз 2 то 4 банди фоизӣ паст намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабр пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади тақвияти рушди содирот ба бозори ҷаҳонӣ бо хоҷагидорони ноҳияи Ҷайҳун вохӯрӣ доир шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Ишкошим 300 бех ниҳоли гуногуни мевадиҳанда шинонида шуд
Дар шаҳри Бӯстон бо сокинони маҳаллаи «Ғалаба» мулоқоти судманд баргузор гардид
Ба воҳидҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон техникаи нав супорида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон доир ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Вашингтон дар назди мактаб тирпаронӣ ба амал омад