IRS: Ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ таъмин гардид

Январь 13, 2020 12:20

ДУШАНБЕ,13.01.2020. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ дода будем, шурӯъ аз 12-уми январ соли равон бинобар зиёд будани тармафароӣ ва хавфи фаромадани тармаҳои нав  ҳаракати ҳама намуди воситаҳои нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ қатъ гардида, аз ҷониби кормандони филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 22  тармаи хурду бузург бартараф гардид. Имрӯз, 13 январ дар натиҷаи тадбирҳои андешида ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ дубора имконпазир гардид.

Тавре сардори маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Тоҷикистон Далери Абдулло ба хабарнигори АМИТ «Ховар» тазаккур дод, «то ҳанӯз хатари тармафароӣ дар ин минатқа мавҷуд буда, аз ронандагон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки ҳангоми ҳаракат эҳтироми якдигарро ба ҷо оранд ва бодиққат бошанд».

Мавзӯи мазкур мавриди пайгирии доимии АМИТ «Ховар» қарор дошта, баробари дастрас гардидани хабари тоза дар бораи вазъияти роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ иловатан пешкаши хонандагони сомонаи Агентӣ гардонида мешавад.

Январь 13, 2020 12:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд