Кӯчондани шаҳрвандони хориҷӣ аз Вуҳони Чин шурӯъ шуд

Январь 30, 2020 10:42

ДУШАНБЕ, 30.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Япония аввалин давлатест, ки дирӯз шаҳрвандони худро аз шаҳри Вуҳони Чин, ки маркази эпидемияи намуди нави илтиҳоби шуш ва ангезандаи коронавируси 2019-nCoV мебошад, кӯчонидааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо такя ба ТАСС.

Ҳавопаймое, ки мақомоти Япония фиристодаанд, 206 нафарро ба фурудгоҳи Ханедаи Токио интиқол додааст.

Тибқи иттилои манбаъ, ташхиси мусофирон дар ҳавопаймо нишонаҳои возеҳи ин бемориро ошкор накардааст. Аммо, ҳамаи мусофирон аз ташхиси иловагӣ хоҳанд гузашт. Дар ояндаи наздик мақомоти Япония ният доранд, ки боз ду парвози чартериро ба Вуҳон барои кӯчонидани шаҳрвандонашон равона намоянд.

Мақомоти ИМА тасмим доранд, ки кормандони консулгарии генералиашон дар Вуҳон ва шумораи маҳдуди амрикоиҳои дар  он ҷо бударо кӯчонанд. Тахмин меравад, ки ҳангоми ворид шудан ба ИМА ҳамаи онҳо аз се рӯз то ду ҳафта дар ҳолати карантинӣ қарор хоҳанд гирифт.

Инчунин барои кӯчонидани  шаҳрвандонашон мақомоти Франсия, Германия ва якчанд давлатҳои дигар низ эълон кардаанд.

Январь 30, 2020 10:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид