Манзили истиқоматии маъюби гурӯҳи якум Саодат Хоҷаева навсозӣ мешавад

Январь 20, 2020 13:20

ДУШАНБЕ, 20.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Манзили истиқоматии сокини ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳияи Восеъ, маъюби гурӯҳи якум  Саодат Хоҷаева навсозӣ мешавад. Пешвои миллат, Президенти мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон  ба Маҷлиси Олӣ  аз матиниродагии ин модари дорои имконоти ҷисмонии маҳдуд ситоиш намуда, рӯзгори ӯро намунаи ибрат хонданд.

Тавре  аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, 17 январ раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба аёдати Саодат Хоҷаева ба манзили зисти ӯ рафта, ба ин хонавода аз номи Пешвои миллат туҳфаҳои пуливу молӣ расонид.

Тибқи иттилои манбаъ, айни замон аз ҷониби  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ корҳои навсозии   хонаи истиқоматии С.Хоҷаева   идома доранд.

Қурбон Ҳакимзода зимни шиносоӣ бо корҳои  сохтмонии манзили  зисти Саодат Хоҷаева таъкид намуд, ки дар баробари  навсозии хона  атрофи  онро низ сафолакпӯш намоянд.
Ёдовар мешавем, ки  Пешвои миллат гуфтанд, ки бояд мардуми  мамлакат аз зиндагии чунин модарон ибрат гиранд. Зеро Саодат Хоҷаева  модари 3 фарзанд  буда,  бо вуҷуди  аз дасти гиро маҳрум будан бо пойҳои худ ба корҳои кишоварзӣ машғул шуда, аз ин ҳисоб рӯзгори худро   пеш мебарад.

Номбурда бо вуҷуди сахтиҳои  рӯзгор зиндагиро дӯст медорад. Ӯ рӯҳафтода нашуда, баҳри таъмини зиндагии сазовор барои пайвандонаш заҳмат мекашад.

Саодат Хоҷаева барои дастгирию кумаки беғаразонаашон ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода изҳори сипос намуд.

Январь 20, 2020 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид