«Муҳаббат ба зиндагӣ». Таҳти ин ном мусаввараҳои Фаррух Хоҷаев ба намоиш гузошта шуданд
ДУШАНБЕ, 10.01.2020. /АМИТ «Ховар»/. «Агар умр вафо мекард 13 январи соли равон яке аз рассомони чирадасти тоҷик, собиқ раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон, декани факултаи санъати тасвирии Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Фаррух Хоҷаев ба сини 60 қадам мениҳод, аммо сад афсӯс…», — иброз дошт ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Ҷамшед Ғанизода зимни ифтитоҳи намоиши мусаввараҳо ба ифтихори 60-солагии шодравон Фаррух Хоҷаев таҳти унвони «Муҳаббат ба зиндагӣ».
Хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки намоишгоҳ дар толори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон доир шуда, дар он Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсуддин Орумбекзода, муовинони вазири фарҳанг, раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Наргис Ҳамидова, ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Ҷамшед Ғанизода, аҳли хонаводаи шодравон, устодони Донишкада ва дӯсторони санъати тасвирӣ иштирок намуданд.
Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсуддин Орумбекзода иброз намуд: «Умр на бо дарозоӣ, балки бо мундариҷааш қимматнок ва арзишманд аст. Бинобар ин Фаррух Хоҷаев аз худ мероси фаромӯшнопазир гузоштааст».
Дар ин намоишгоҳҳо тамоми маҳсули эҷодии шодравон Фаррух Хоҷаев дар навъҳои мусаввара, нигораҳои графикӣ ва муҷассамаҳои хурд ба маъраз гузошта шуданд.
Ёдовар мешавем, ки Фаррух Хоҷаев 13 январи соли 1960 дар шаҳри Душанбе дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Завқи санъати тасвирӣ ӯро ба даргоҳи Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимов овард. Баъти хатми Коллеҷ дар нашриёти «Ирфон» ба сифати рассом фаъолияташро оғоз намудааст.
Шодравон Фаррух Хоҷаев рассоми соҳаи графика, кулолгар, муҷассамасоз ва ҳайкалтароши маъруфи тоҷик ба ҳисоб меравад. Саҳми ӯ дар пешбурди ҳунари рассомӣ ва тайёр намудани шогирдон хеле назарас мебошад.
Ӯ соли 1997 бо грамотаи Биенналеи мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Тошканд, соли 1999 дар озмуни ороиши китоб аз тарафи Оғохон гузаронида шуд, сазовори мукофот гардид.
Ӯ соли 2000 дар Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомӣ ба номи М.Олимов ҳамчун рассом-омӯзгор аз фанни графика дарс мегуфт. Аз соли 2012 то соли 2017 раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон адои вазифа намудааст.
Тавре дар суҳбат раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Наргис Ҳамидова иброз дошт: «Фаъолияти Фаррух Хоҷаев ҳамчун раиси Иттифоқи рассомон ба даврае рост омадааст, ки иттифоқ аслан аз фаъолият боз монда, мутахассисони соҳа пароканда буданд. Дар як муддати кӯтоҳ фаъолияти Иттифоқи рассомонро барқарор намудааст. Фаррух Хоҷаев ҳамчун асосгузори санъати графикии муосири тоҷик ба ҳисоб меравад».
Асарҳояш тӯли солҳои гуногун дар осорхонаҳои Тоҷикистон, давлатҳои Осиёи Миёна, Россия ва Аврупо ба маърази тамошо гузошта шудаанд.
Фаррух Хоҷаев дар солҳои охири умр ба ҳайси декани факултаи санъати тасвирии Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Ӯ яке аз ташаббускорони ташкили Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон буда, аз рӯзҳои нахустини ташкил гардидани он ба шогирдон дарси маҳорат меомӯхт. Солҳои 2014-2016 мудири кафедраи графикаи Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайнери Тоҷикистон ва аз моҳи феврали соли 2019 декани факултаи санъати тасвирӣ буд. Барои рушди санати тасвирӣ нақшаҳои зиёде дошт. Дар як мудати кутоҳ тавонист, ки шогирдони зиёдеро дар атрофаш ҷамъ намояд ва онҳоро барои аз худ намудан ва равнақи ин санъати қадимаи мардуми куҳанбунёд равона созад.
Ҳамчунин дар ин рӯз, соати 18:00, дар меҳмонхонаи «Серена Душанбе» офаридаҳои рассом ба намоиш гузошта мешаванд. Ҳаводорони санъати рассомӣ ва дӯстдорони олами зебоӣ метавонанд то 1 феврал аз ин намоишгоҳ дидан намоянд.












Дар Вазорати фарҳанг бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ доир шуд
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Нимаи дуюми моҳи ноябр даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявӣ доир мегардад
Дар Душанбе оид ба саҳми Давлатманд Холов дар рушди санъати мусиқии тоҷик маҳфили адабӣ – фарҳангӣ доир шуд
Ба сокинони ноҳияи Данғара туҳфаи Пешвои миллат – «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ такдим мегардад
«ЛИБОСИ МИЛЛӢ – НИШОНИ ТАМАДДУН ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Дар шаҳри Норак фестивали ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон зиёда аз 100 ёдгориҳои таърихию меъмории нав бозёфт гардиданд
Намояндагони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Осорхонаи миллии адабиёти Озарбойҷонро тамошо карданд
Дар Кӯлоб таҳти унвони «Либоси миллӣ — оинаи тамаддун ва ҳуввияти миллӣ» фестивал доир шуд
Дар ҳудуди ноҳияи Шамсиддини Шоҳин шаҳраки қадимаи асри миёнагии Хутали қадим — шаҳри Андичароғ бозёфт гардид
«АНДАЛЕБ-2025». Ҳаваскорони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоизаи Фестивал-озмун гардиданд
Китоби дарсии «Асосҳои давлат ва ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои синфи 8 дар таҳрири нав ба нашр расид
Оид ба ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи илм ва маориф конференсияи байналмилалии илмӣ баргузор шуд






