Нашриёти «Адиб» ҳар рӯзи шанбе ярмака-фурӯши китоб баргузор менамояд

Январь 21, 2020 13:50

ДУШАНБЕ, 21.01.2020. /АМИТ «Ховар»/.  Нашриёти «Адиб» дар нақша дорад, ки  25 январ дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ярмарка-фурӯши китоб баргузор намояд

Ёдовар мешавем, ки Муассисаи нашриёти «Адиб» аз аввали соли равон ҳар рӯзи шанбе ярмарка-фурӯши китоб мегузаронад. Дар ин тадбири муҳими фарҳангӣ беш аз 3000 нусха китоб, ки фарогири  асарҳои бадеӣ, адабиёти классикии форсу тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти ҷаҳон ва адабиёти кӯдакона бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, ӯзбекӣ ва ҳуруфоти ниёгон мебошанд,  ба фурӯш гузошта мешаванд.

Ду шанбеи гузашта нашриёти «Адиб» ярмарка-фурӯши китобро дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир намуд. Дар он намояндагони тамоми вазорату идораҳо, мақомоти давлатӣ, хонандагону донишҷӯён, инчунин  аҳли адабу фарҳанг ва дигар дӯстдорони мутолиа иштирок намуданд. Бояд тазаккур дод, ки ин  маъракаи фарҳангӣ барои дӯстдорони китоб  ба ҷашни бошукӯҳу хотирмон  табдил ёфт. Зеро онҳо имкон доштанд дар  китобҳои харидаашон адибон соядаст гузошта,  бо шоирону нависандагони маъруфи тоҷик аз наздик шинос  ва ҳамсуҳбат шаванд.

Муовини директори нашриёти «Адиб» Раҳмоналӣ Мирализода иброз намуд, ки «ҳафтаи дуюм аст, ки нашриёти «Адиб» чунин чорабинии фарҳангиро роҳандозӣ менамояд.  Ҳадаф аз баргузории ин ярмарка  ҳарчи бештар ба мардум дастрас намудани китоб аст».

Мавриди зикр аст, ки нашриёти «Адиб» иқдоми мазкурро  таҳти унвони «Китоб бояд хонд!» ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи марти соли 2019 роҳандозӣ намудааст.

Ҳамчунин Сарвари давлат дар Паёми навбатиашон 26 декабри соли 2019 ба Маҷлиси Олӣ зикр намуданд, ки «…китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад».

Бино ба гуфти ҳамсуҳбати мо, доир ба амри Президенти мамлакат нашриёти «Адиб» баҳри тарғибу ташвиқи китоб миёни қишрҳои ҷомеа нақша дорад, ки  чунин ярмаркаҳоро дар ҳар гӯшаву канори мамлакат доир намояд. Инчунин ҷиҳати ҳавасмандгардонии иштирокдорон бозиҳои бурднок низ баргузор мешаванд.

Ҳамаи ин таблиғу ташвиқи китоб ба хотири пос доштани ормонҳои миллию ватандӯстӣ, ҳифзу ҳувияти миллӣ ва тарбияи насли нав дар ин рӯҳия, муаррифии адабиёти даврони истиқлол, рушди маънавӣ ва ваҳдату якдилии ҳамватанонамон амалӣ мегардад.

Инчунин Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» имсол дар се самт ба роҳ монда шуда, тавассути он аз хонандаи мактаб то кормандони вазорату идораҳо пурра ба китобхонӣ ҷалб мегарданд.

Як нафар иштирокчии ярмарка-фурӯши китоб аз ноҳияи Шаҳритус Зевар Сайдалова иброз намуд, ки «баргузории чунинин якмаркаҳо аз як ҷиҳат дастрасӣ ба китоб бошад, аз ҷониби дигар ҳар як хонавода соҳиби китоб мегардад. Агар падару модарон дар хонаи худ ҷевони китоб дошта бошанд, фарзандонашон низ  ба китоб майлу рағбат пайдо мекунанд».

Коршиносон бар он андешаанд, ки бо пайдо гардидани технологияи муосир китобхонӣ рӯз то рӯз коҳиш меёбад. Вале мушкилоти дигар ин аст, ки аксари волидайн имрӯз майл ба китобу харидории онро надоранд. Аз ин рӯ насли наврас ба китоб бетаваҷҷуҳӣ зоҳир мекунад.

Сарвари давлат дар Паёмашон аз он изҳори нигаронӣ намуданд, ки «…аз соли 2007 то соли 2019  38 ҷилди китоби «Ахтарони адаб» 190 ҳазор нусха чоп шудааст, аммо қисми зиёди он ба фурӯш нарафта, дар анбори нашриёт боқӣ мондааст».

Вобаста ба ин Пешвои миллат  ба вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, сохторҳои илмӣ, роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот супориш доданд, ки ба хотири баланд бардоштани сатҳи маънавиёти аҳолӣ чопи китобҳои бадеиро зиёд намуда, дар як сол хондани на камтар аз панҷ китоби бадеӣ ва ҳифзи асарҳои манзуму мансури адибони гузаштаву муосирро барои калонсолону хонандагон ба роҳ монанд ва иҷрои онро зери назорати қатъӣ қарор диҳанд.

Пас моро зарур аст, ки тарғиби китобро бештар намоем, бартарии онро нисбат ба дигар воситаҳои донишандӯзӣ ба таври возеҳу муассир ба ҳамагон ва ба насли наврас бифаҳмонем. Китобхонӣ дар ҷомеа бояд боз ҳам бештар ривоҷ ёфта, сатҳи маънавию ахлоқии ҷомеа, суханварию суханшиносӣ ва ба қадри илму эҷод расидани аҳли ҷомеа беҳтар гардад.

Январь 21, 2020 13:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оид ба рушди ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика конференсияи байналмилалӣ доир мегардад
САДРИДДИН АЙНӢ-БУНЁДГУЗОРИ АДАБИЁТИ НАВИНИ ТОҶИК. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ-адабӣ гузаронида шуд
ИЛМ АЗ ДИДГОҲИ ОЛИМОНИ ҶАВОН. Дар ин мавзуъ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
«ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Протокол оид ба таҳияи филми ҳунарии муштараки Тоҷикистону Узбекистон ба тасвиб расид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар шаҳри Гулистон даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Рӯзҳои синамои Узбекистон дар Тоҷикистон бо намоиши филми ҳунарии «Зинда бод, ҳамсар!» ҷамъбаст гардид
«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Душанбе ин фестивали ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид
Роҳбарзанони Узбекистон бо табиати зебои шаҳри Норак шинос шуданд
Дар Душанбе ҳамкории илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Акитаи Ҷопон баррасӣ шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо 4 муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон ҳамкорӣ мекунад
«ШОҲРОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Тоҷикистон барои иштирок дар ин намоиши байналмилалӣ омодагии ҷиддӣ мебинад