Нисбат ба 134 нафар ронанда, ки муҳити зистро ифлос намудаанд, тадбирҳои қонунӣ андешида шуданд
ДУШАНБЕ, 30.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз 20 январ то ин ҷониб Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои вайроншавии бармаҳали роҳҳои мошингард, вайронсозии муҳити зист ва истифодаи воситаҳои нақлиёти боркашонӣ бо намуди зоҳирии ифлос дар якчанд кӯчаву хиёбонҳои пойтахт чорабиниҳои мақсаднок гузаронид. Зимни чорабиниҳои мазкур дар маҷмӯъ нисбат ба 134 нафар ронандаи воситаҳои нақлиёти боркашонӣ барои ифлос намудани муҳити зист санадҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷиҳати баррасӣ ба мақомоти дахлдор ирсол шуданд. Нисбат ба ронандагони воситаҳои нақлиёти зикршуда барои роҳ додан ба чунин қоидавайронкуниҳо тадбирҳои таъсиррасони қонунӣ андешида шуданд.
Тавре аз Раёсати мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, аз теъдоди умумии ҳолатҳои ошкоршудаи ифлос намудани муҳити зист дар пойтахт 45 ҳолати кашонидани борҳои пошхӯранда бе пардаҳои ҳимоявӣ, 49 далели истифодаи воситаҳои нақлиёти ифлоси боркашонӣ, 10 ҳолати ифлос намудани қисми мошингарди роҳ бо саллачархҳои лойолуд, 10 далели бе иҷозатномаи ваколатдори давлатӣ фаъолият намудан ва риоя накардани шарти иҷозатномадиҳӣ, 10 ҳолати идора намудани воситаҳои нақлиёти боркашонӣ бе рақамҳои қайди давлатӣ, 3 ҳолати идора намудани воситаҳои нақлиёти боркашонӣ бе ҳуҷҷати ронандагӣ, 4 далели итоат накардани ронандагони воситаҳои нақлиёти боркашонӣ ба талаботи қонунии кормандони БДА, 2 ҳолати нагузаштан аз муоинаи солонаи техникӣ, 2 далели риоя накардани қоидаҳои ҳамлу нақли борҳои калонҳаҷм ва вазнин, ки ба вайроншавии бармаҳали роҳҳои мошингард оварда мерасонанд, мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки тайи 3 соли охир бо иқдоми созандаву бунёдкоронаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе як зумра лоиҳаҳои таъмиру таҷдид ва навсозии кӯчаву роҳҳои мошингарди шаҳри Душанбе, ки фаъолияти бехатар ва ботаҳкими низоми нақлиётро дар кӯчаву хиёбонҳои пойтахт таъмин менамояд, амалӣ мегарданд.
Мутаассифона, баъзе омилҳое вуҷуд доранд, ки ба бармаҳал вайроншавии роҳҳо ва косташавии симои шаҳри Душанбе оварда мерасонанд.
Аз тамоми ронандагон хоҳиш карда мешавад аз амалҳое, ки боиси вайроншавии бармаҳали роҳҳои мошингард, вайронсозии муҳити зист мегарданд, худдорӣ намоянд. Воситаҳои нақлиёти боркашониро бо намуди зоҳирии ифлос истифода набаранд, зеро он симои зебои пойтахтро коста мегардонад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад






