ОНҲОЕ, КИ БО ХУД СИЛОҲИ САРД МЕГАРДОНАНД, КИСТАНД? Вокуниши шаҳрвандон ба хабар дар бораи натиҷаҳои амалиёти «Корд» дар шаҳри Душанбе

Январь 10, 2020 16:00

ДУШАНБЕ, 10.01.2020/АМИТ «Ховар»/. Тавре имрӯз хабар додем, кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе зимни баргузории амалиёти навбатии «Корд» тайи ҳафтаи аввали соли 2020 ҳашт нафар шаҳрвандонеро боздошт намуданд, ки силоҳи сард, аз қабили корду кастет бо худ доштанд. Кормандони милитсияи пойтахт аз  боздоштшудагон 7  адад корд ва 1 кастет дарёфту мусодира намуданд. Нисбати он нафароне, ки дар рафти амалиёт боздошт ва аз онҳо чунин силоҳҳо дарёфту мусодира карда шуд, чораҳои таъсиррасонии қонунӣ андешида шуданд.

Тавре аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» гуфтанд, аз  таҳлилҳои дар доираи парвандаҳои ҷиноятии дар соли сипаригардида доиршуда бармеоянд, ки бо худ гардонидани чунин ашёҳои ба сифати силоҳи сард истифодашаванда оқибати хуб надорад. Дар бештари маврид нафароне, ки соли гузашта дар содир  гаштани ҷиноятҳо гумонбар ё айбдор дониста шуданд,   бо худ силоҳи сард, махсусан корд доштаанд. Чунин афрод дар ҳолатҳои камтарин нофаҳмӣ ва муноқишаҳои лафзӣ аз  корд истифода  карда, ба  ҷиноятҳои вазнин роҳ додаанд.

Вобаста ба ҳолатҳои мазкур нисбати он нафароне, ки дар рафти амалиёт боздошт ва аз онҳо чунин силоҳҳо дарёфту мусодира карда шуд, чораҳои таъсиррасонии қонунӣ андешида шуданд.

Дар иртибот  ба ин мавзуъ шаҳрвандони Тоҷикистон назари худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ баён медоранд.

Саъдӣ Маҳдӣ, декани факултети журналистикаи ДМТ

Декани факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Саъдӣ Маҳдӣ дар саҳифаи худ дар Facebook чунин хотираи нохушеро аз гузашта ба қалам овардааст:

«Вақте дар кӯчаи танги «Шараф» авбошони номард нависанда Фазлиддин Муҳаммадиевро бо корд мезаданду  адиби  нотарсу далери мо дасти бараҳна бо ин гургон мубориза мебурд, одамон чароғҳои хонаашонро хомӯш карда, ба нависанда ёрӣ надоданд. Ин бетарафиро шоира Зулфия Атоӣ он солҳо дарк намуда, аз нависанда узр пурсида буд:

Муаллим, аз Шумо чун аз бародар узр мехоҳам,

Барои ҳар бузургу хурди кишвар узр мехоҳам!».

Саъдӣ Маҳдӣ дар идома аз аҳли ҷомеа суол мекунад: «Инҳо кистанд, ки дар як шаҳри тинҷу ором бо худ корд гирифта мегарданд? Куҷо шуд он ғуруру мардӣ, ки бо дасту по ҷанг мекарданду хеста дасти якдигарро фишурда, мебахшиданд. Ин тоифа чӣ мардумест, ки аз хона мебарояд, мусаллаҳ, падару модар ба куҷо менигаранд?!».

Ҳуринисо Ализода, рӯзноманигор

Ҳурнинисо Ализода, рӯзноманигори маъруф, собиқ сармуҳаррири маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» низ сабаби асосии ба ҷиноят ва кирдорҳои ношоям даст задани ҷавонону наврасонро дар бемасъулиятӣ ва хунуназарии падару модарони онҳо мебинанд ва ба ин гуна волидайн муроҷиат мекунад:

«Фарзанд ширинтарин меваи умри инсон аст. Ҳар як инсон орзуи хушахлоқу босавод ва соҳиби мартабаву ҷоҳу ҷалол гаштани фарзанди худро дорад, вале барои сазовор будан  ба он чӣ коре мекунед? Агар ҳеҷ, пас чиро интизор ҳастед?!. Сарҳади ҳуқуқи инсон то ҷоест, ки ҳуқуқи каси дигарро поймол насозад…

Чӣ кор бояд бикунем, ки қадами аввалини тифли мо, ки ояндаи давлату миллат аст, баҷо гузошта шавад? Мо бояд пайваста сари ин андеша бошем».  

Бале, «сарҳади ҳуқуқи инсон то ҷоест, ки ӯ ҳуқуқи каси дигарро поймол насозад».  Ва ё, тавре шоир фармудааст:

Озодии судманд он бошад бас,

К-аз вай нарасад зиён ба озодии кас…

Дар фарҷом донишманд Саъдӣ Маҳдӣ  навиштаашро бо муроҷиат ба аҳли ҷомеа ба поён бурдааст: «Амалиёти «Корд»-и раёсати ВКД-и шаҳри Душанберо дастгирӣ мекунем! Агар Шумо низ чунин ҷавононеро дидед, даррав ба телефони боварӣ 221-21-21занг занед. Шояд ин амали шумо ҷони чандин касро раҳонад! Сипос ба дастандаркорону роҳандозони амалиёти «Корд»!».

P.S. АМИТ «Ховар» ба Саъдӣ Маҳдӣ ва Ҳуринисо Ализода барои мавқеи фаъоли шаҳрвандиашон изҳори сипос менамояд ва аз дигар фаъолони ҷомеа даъват мекунад, ки дар баррасии мавзуъҳои муҳими рӯз ба хотири рушду нумуи минбаъдаи Ватани азизамон Тоҷикистон бетараф набошанд.

Январь 10, 2020 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми ташкилоти кор бо ҷавонони аъзои ИДМ дар шаҳри Тошканд иштирок намуданд
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон бо ташкилоти байналмилалии соҳавӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Имрӯз дар Душанбе бо иштироки меҳмонон аз Узбекистон Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» ҷамъбаст гардид
Ҳайати намояндагӣ-занони роҳбари воҳидҳои сохтории Ҷумҳурии Узбекистон ба Тоҷикистон омад
МАРОТИБАИ АВВАЛ. Табибони тоҷик усули нави ҷарроҳӣ дар самти табобати сурхрӯда ва меъдаро амалӣ намуданд
Дар Тоҷикистон бар асари боронҳои сел талафоти ҷонӣ ва харобиҳо сабт нашудаанд
Дар шаҳри Кӯлоб омодагии мудофиаи ҳудудӣ ва захираҳои сафарбарӣ мавриди омӯзиш ва санҷиш қарор гирифт
ҲАҶ ФАРЗ АСТ Ё ХУДНАМОЙИИ ҲОҶИЁН? Агар зоирон нисфи хароҷоти исрофкоронаашонро барои бунёди пул, ҳаммом, кандани ҷӯй сарф менамуданд, аҷру савоби бештар мегирифтанд
Дар шаҳри Хуҷанд клиникаи муосири оилавии муосири 1+1 ифтитоҳ гардид
«ВАССОФИ ВАТАН». Фестивал-озмуни тарғибгари дастовардҳои миллӣ оғоз гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Андешаҳо оид ба моҳияти фалсафии он
Дар Тоҷикистон соҳаи аритмиология рушд меёбад