«Паём — таҳкимбахши пояҳои забони тоҷикӣ», «Аз вайронии роҳ азоб мекашем», — шарҳи матбуоти даврӣ
ДУШАНБЕ, 24.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи гузашта матбуоти даврии Тоҷикистон кадом мавзӯъҳоро пайгирӣ намуд? Рӯзноманигорон доир ба ҳодисоти дохил ва рӯйдодҳои берун аз мамлакат чӣ андеша доштанд? Дар ин мавзӯъ шарҳи АМИТ «Ховар» пешниҳоди хонандагони сомона мегардад.
Дар шумораи навбатии Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурият» (22.01.20, №16) дар баробари хабару гузоришҳои расмӣ мақолаи ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Маҳмадулло Раҷабзода зери унвони «Паём – таҳкимбахши пояҳои забони тоҷикӣ» ба нашр расидааст.
«Агар муҳтавои асосии андешаҳоеро, ки Сарвари давлат оид ба илму маориф, рушди фарҳанг ва масъалаҳои ба онҳо вобаста иброз намуданд, таҳлилу натиҷагирӣ намоем, онро метавон ба сифати барномаи стратегии рушди соҳаҳои номбурда арзёбӣ намуд. Инро дар мисоли рушди бомароми Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода баръало мушоҳида кардан мумкин аст. Агар шумораи донишҷӯён дар донишкада соли таҳсили 2016-2017 2966 нафар бошад, соли таҳсили 2018-2019 3930 нафарро ташкил дод, ки дар қиёс бо соли таҳсили 2016-2017 ба андозаи 16 дарсад зиёд мебошад»,- зикр намудааст номбурда.
М.Раҷабзода ҳамчунин иттилоъ додааст, ки раёсати донишкада соли 2019 дар партави Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 феврали соли 2019 оид ба баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» дар факултети филологияи тоҷик китобхонаи илмиро бо фонди умумии беш аз 5 ҳазор китоб, аз ҷумла 1231 китоб бо забони русӣ, 787 китоб бо забонҳои дар донишкада омӯхташаванда ва 3082 китоб бо забони давлатӣ, инчунин 15 ҳазор китоби электронӣ таъсис додааст.
Нашрияи парлумонии мамлакат «Садои мардум» (№10 аз 18.01.2020) зери рубрикаи «Номаи бетаҳрир» муроҷиати як гурӯҳ сокинони ноҳияи Хуросонро, ки ба унвони рӯзнома ворид шудааст, таҳти сарлавҳаи «Аз вайронии роҳ азоб мекашем» ба чоп додааст. Дар матлаб омадааст, ки аз соли 1991 инҷониб роҳ аз маркази ноҳияи Хуросон то деҳаи Имоми Аъзами деҳоти «Фахробод» то андозае мумфарш гардидааст. Аз самти Фахробод то мавзеи Ёзӣ низ роҳ сангфаршу мумфарш шудааст, вале дар байн 8 километр роҳ вайрону валангор боқӣ мондааст.
-Мо — сокинони деҳаҳои Баҳор, Наврӯз ва ба номи Нусратулло Махсуми ноҳияи Хуросон солҳои зиёд аст, ки аз вайронии роҳ азоб мекашем,- гуфтаанд муроҷиаткунандагон ва аз масъулин талаб намудаанд, ки дар навсозии роҳҳои зикршуда мусоидат намоянд.
Дар шумораи навбатии нашрияи расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Народная газета» (22.01.2020, №4) гузориши муфассал аз маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 20 январ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, нашр шудааст.
Ҳамзамон дар ин шумораи рӯзнома фармонҳо, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амрҳои Президенти мамлакат оид ба тағйироти кадрӣ рӯи чоп омадаанд.
Дар рубрикаи «Аз Паём то Паём» маводи васеъ зери сарлавҳаи «Наука в Таджикистане: достижения и перспективы» ба чоп расидааст, ки дар он дастовардҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро Президенти он Фарҳод Раҳимӣ шарҳ додааст.
«Ихвон – ул -муслимин» и террористы возражденцы – побратимы»- таҳти ин сарлавҳа мақолаи таҳлилӣ ба нашр расидааст, ки дар он оид ба амалҳои номатлуби ин гурӯҳи экстремистӣ ва оқибати даҳшатбори он ба ҷомеа маълумот дода шудааст.
Ин навбат дар «Народная газета» зери рубрикаҳои «Об барои рушди устувор», «Интихобот-2020», «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», «маориф ва илм» ва «75- солагии ҶБВ» мақолаҳои ҷолибу хонданбоб ба нашр расидаанд.
Нашрияи Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе «Мароми пойтахт» дар шумораи навбатӣ таҳти сарлавҳаи «Инъикоси Саразм дар ВАО: Аз мушкилот то воқеият» мулоҳизаҳои таърихшинос Ҷонибек Асрориёнро манзури хонандагон гардонидааст. Муаллифи матлаб, аз ҷумла, иброз медорад, ки «ин сарзамин асрори бузург дорад ва ҳар як бозёфт достонест. Аз ин рӯ, ҷоизае барои таърихшиносон созмон бояд дод. Мисли Ҷоизаи давлатии ба номи Бобоҷон Ғафуров. Чунки як олим кори сад рамзсозро хоҳад кард ва дар ҳоле, ки рақибонамон хеле афзудаанд. Ҳамзамон эътибори бостоншиносонро мебояд баланд бардошт. Ин ҷоиза бояд бо унвони «Бостоншиноси сол» муқаррар карда шавад, то ки масъулиятро дучанд ва ҳавасмандонро афзояд».
Ҳамзамон дар ин шумораи «Мароми пойтахт» хонандагон мақолаҳои ҷолиберо бо номи «Бенямин духтур шудан мехоҳад, то… », «Меросе аз ниёгон», «Занҷири илм бо истеҳсолотро мустаҳкам бояд кард» ва «Лабханде, ки дилҳоро тасхир мекунад», ки мавзӯъҳои гуногунро дар бар мегиранд, метавонанд мутолеа намоянд.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар








Дар ноҳияи Носири Хусрав тақдими «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ оғоз шуд
«САРҲАДБОНОН-ЧАШМИ БЕДОРИ ВАТАН». Дар қисми ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар партави Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ оид ба масоили соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ҳамоиш доир шуд
ZET-MOBILE натиҷаҳои давраи чоруми иқдоми «Миллионро гир»-ро барои моҳи ноябр ҷамъбаст кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати назди Муассисаи таълимии ноҳияи Спитамен расонида шуданд
Ба тарбиятгирандагони Хонаи кӯдакон ва Мактаб-интернати шаҳри Исфара туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Дар пленуми Суди Олӣ масъалаи баланд бардоштани сифати баррасии парвандаҳо ва таҳкими қонуният баррасӣ гардид
МегаФон Тоҷикистон натиҷаҳои «техникии» соли 2025-ро ҷамъбаст намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Хуҷанд намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал баргузор шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд






