Дар хоҷагиҳои кишоварзии Ҳисор маъракаи пахтачинӣ оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 04.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар хоҷагиҳои кишоварзии шаҳри Ҳисор маъракаи пахтачинӣ оғоз гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор.
Дар оғози пахтачинӣ роҳбарияти шаҳри Ҳисор ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, дар пахтазори хоҷагии кишоварзии «50-солагии Октябр» бо роҳбарону масъулони хоҷагӣ ва чинакчиёну кишоварзон суҳбат намуданд. Ҳамзамон ба деҳқонони хоҷагӣ барои парвариши ҳосили баланд изҳори сипос намуданд.
Дар саҳроҳои хоҷагӣ пахта хуб нашъунамо карда, умед аст, ки имсол пахтакорон ҳосили дилхоҳ мерӯёнанд.
Таъкид гардид, ки обу ҳавои зудтағйирёбандаи фасли тирамоҳ моро водор месозад, ки суръати чиниши пахтаро вусъат бахшида, барои сари вақт ҷамъоварӣ намудани ҳосил аз тамоми воситаю имконият истифода барем.
Дар идомаи суҳбат бо кишоварзон оид ба раванди ҷаҳонишавии олами сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, тағйирёбии иқлим дар сайёра, инчунин масъалаҳои ҳифзи асолат, арзишҳо ва қонунҳои миллӣ, анъана ва расму оинҳои миллӣ, таълиму тарбияи дурусти фарзандон, хосса духтарон ва ба меҳнат, илму ҳунар роҳнамоӣ кардани онҳо, пешгирӣ аз ҷаҳолату хурофотпарастӣ ва дигар масъалаҳои иҷтимоӣ ибрози назар карда шуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






