«МегаФон Life» – доимо дар алоқа, ҳатто вақте ки паёмрасонҳои муқаррарӣ дастнорасанд

Сентябрь 5, 2025 09:37

ДУШАНБЕ, 05.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар чунин шароит вақте дар ҳудуди Русия паёмрасонҳои муқаррарӣ номунтазам фаъолият доранд, алоқа бо хешовандону наздикон боз ҳам муҳимтар мегардад. «МегаФон Life» роҳи ҳалли сода ва дастрас пешниҳод дорад – зангҳо ва паёмакҳо тавассути SuperApp, ки дар дилхоҳ нуқтаи олам кор мекунад.

Зангҳои ройгон ба тамоми олам 

Замимаи мобилии «МегаФон Life» имкон медиҳад, ки зангҳоро байни истифодабарандагони замима, новобаста аз макони қарор доштани онҳо ва давомнокии суҳбат ройгон анҷом диҳед. Барои истифода аз хизматрасонӣ кофист, ки SuperApp-ро аз МегаФон Тоҷикистон боргирӣ карда, фаъол намоед. Зангҳои воридотӣ ва содиротӣ дар дохили замимаи «МегаФон Life» ҳангоми мавҷудияти дастрасӣ ба интернет, аз ҷумла Wi-Fi ройгон мебошанд. Агар ҳамсуҳбати шумо истифодабарандаи «МегаФон Life» набошад ё муштарии оператори дигар бошад, зангҳо аз замимаи «Life» ба рақамҳои одии Тоҷикистон (ба операторони дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон) ҳамагӣ 0,30 сомонӣ (30 дирам) барои як дақиқа арзиш хоҳанд дошт. Ирсоли SMS аз замима ба GSM дилхоҳ операторони Ҷумҳурии Тоҷикистон — 0,10 сомонӣ барои 1 паёмак.

Танҳо бо зангҳо кор намеанҷомад 

«МегаФон Life» дар худ экосистемаи мукаммали хизматрасониҳои рақамиро муттаҳид кардааст:

  • паёмрасони ройгон барои табодули паёмакҳо, аксҳо ва видео;
  • интиқоли маблағҳо ба 20 давлати АвруОсиё;
  • танзими пардохтҳои автоматӣ барои хизматрасониҳои коммуналӣ ва қарзҳо.

Барои амалиёти молиявӣ кофист, ки худро дар замима барои то ҳадди имкон зуд ва бехатар анҷом додани интиқолу пардохтҳо мушаххас гардонед.

«Имрӯз садҳо ҳазор тоҷикистониён дар Русия кору зиндагонӣ доранд. Барои онҳо нигоҳдории алоқа бо хешовандону наздикон дар Тоҷикистон махсусан муҳим аст. Ҳангоме, ки паёмрасонҳои муқаррарӣ дар Русия фаъолияти худро қатъ намудаанд, «МегаФон Life» ба воситаи боэътимоди муошират табдил ёфтааст. Бо ёрии замимаи мо муҳоҷирон имкон доранд, ки ройгон ба якдигар занг зананд, паёмакҳо ирсол намоянд ва ба хона маблағ интиқол диҳанд. Мо хизматгузориеро таҳия намудем, ки одамонро бо ҳам муттаҳид сохта, масофаро байни онҳо ноаён мегардонад», — гуфт директори тиҷоратии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Илдар Салихов.

SuperApp-ро худи ҳозир фаъол намуда, бо нафарони наздики худ ҳар куҷое набошед, дар алоқа бимонед. Боргирии замима бо суроғаи зерин имконпазир аст.

АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»

Сентябрь 5, 2025 09:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа