Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Муовини Сарвазир дар умури Шӯрои вазирони Cалтанати Умон Фаҳд бин Маҳмуд Оли Саид барқияи тасаллият ирсол намуданд
ДУШАНБЕ, 11.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Муовини Сарвазир дар умури Шӯрои вазирони Cалтанати Умон Фаҳд бин Маҳмуд Оли Саид барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Бо камоли андӯҳ хабари даргузашти ходими барҷастаи сиёсӣ – Султони Умон Қобус бин Саид ал-Саидро дарёфт намудам.
Шодравон ходими барҷаставу муваффақи сиёсиву давлатӣ, яке аз маъруфтарин шахсиятҳои мамлакат, минтақа ва ҷаҳон буд.
Марҳум дар маснади Султони Умон барои зиндагии осоиштаи ҷамъият ва пешрафту, тараққии Умон хизматҳои бузурге анҷом дода, ислоҳотҳои зиёдеро ба роҳ монд.
Мо марҳумро ҳамчун сарваре, ки ҷиҳати густариш ва тақвияту тавсеаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Умон саҳм гузоштааст, дар хотир дорем.
Вобаста ба ин талафоти бузург, аз номи Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон ҳамдардии амиқи худро ба мардуми бародари Салтанати Умон баён намуда, ба наздикон ва пайвандони марҳум тасаллиёти самимии хешро изҳор медорам. Парвардигори бузург марҳуми олиқадрро шоистаи раҳмат намояд ва ҷояшро ҷаннат гардонад.
Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун».








Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли хишти сохтмонии Ҷаъфар-2014-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ биноҳои нави муассисаҳои таҳсилоти томактабиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ Муассисаи таҳсилоти томактабии Суғдиёнро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи истеҳсоли нушокиҳои «Суғд саноат холдинг»-ро ифтитоҳ намуданд






