РӮЗГОРИ ОДАМОНИ НАҶИБ. Асосгузори мактаби илмии физиология, биохимия ва биотехнологияи растаниҳо дар Тоҷикистон 80-сола шуд

Январь 15, 2020 09:15

ДУШАНБЕ, 15.01.2020. /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 декабри соли 2019 зимни ирсоли Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки  «ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040  «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда шавад.

Бояд зикр намуд, ки олимони соҳаи илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзии Тоҷикистон бо дастовардҳои илмию бунёдӣ ва кашфиётҳои нодирашон на танҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз он ҳам машҳуру маҳбуб гаштаанд. Яке аз онҳо асосгузори мактаби илмии биологияи молекулавӣ, биохимия ва биотехнологияи растаниҳо дар Тоҷикистон, Арбоби шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон Қурбон Алиев мебошад, ки имрӯз, 15 январ ба синни 80 медарояд. Саҳми Қ. Алиев махсусан дар бахши биотехнологияи муосир хеле калон аст.

Қурбон Алиев беш аз 55 соли умри бобаракати хешро ба равнақи илми биология, аз ҷумла биотехнологияи растанӣ, ки дар Тоҷикистон ӯ асосгузори ин илми муосир ба ҳисоб меравад, бахшидааст.

Номбурда соли 1962 Донишгоҳи давлатии ҳамонвақтаи ба номи В.И. Ленинро бомуваффақият хатм намуда,  дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шуъбаи физиология ва биофизикаи растаниҳо ва Институти физиология ва биофизикаи растаниҳо аз соли 1964 то кунун ба кори илмӣ  машғул  аст. Ӯ дар вазифаҳои гуногун  солҳои 1962-1963 – лаборанти калон, солҳои 1963-1964 – коромӯз-тадқиқотчӣ, солҳои 1964-1967 дар лабораторияи энзимологияи Институти биохимияи Ордени Лениндори ба номи А.Н. Бахи собиқ АИ ИҶШС (СССР) аспирант, солҳои 1967-1970 ходими хурди илмӣ, солҳои  1970-1973 ходими калони илмии Институти физиология ва биофизикаи растании Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти пурсамар намудааст. Ин олими пуркор соли 1972 озмоишгоҳи биологияи молекулавии хлоропластҳоро ташкил намуда, то имрӯз роҳбари ин озмоишгоҳи  илмиро бар дӯш дорад.

Қ. Алиев  соли 1969 дар Институти Ордени Лениндори биохимияи шаҳри Москва таҳти роҳбарии академики АИ ИҶШС Н.М. Сисакян рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Аминоцил-т РНК-синтетазы и транспортные РНК хлоропластов и цитоплазмы проростков гороха» дар шаҳри Москва  ва соли 1985 рисолаи докториро дар мавзӯи «Молекулярные механизмы биогенеза хлоропластов» дар шаҳри Минск  зери роҳбарии профессор И.И. Филиппович ва академик А.Н. Опарин ҳимоя намудааст.  Соли 1991 бо унвони профессор дар соҳаи «биологияи молекулявӣ» сарфароз гардонида шуд ва дар соли 1997 аз рӯи ихтисоси «биологияи молекулавӣ» узви вобастаи Акаемияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидааст.

Як қатор дастовардҳои илмӣ — фундаменталӣ ва кашфиётҳои нодираш дар маҷаллаҳои илмии Россия ва ИМА аз чоп баромадаанд. Ӯ яке аз аввалинҳо шуда, ҳодисаи алоқамандии  нақши ду системаи генетикии ҳуҷайра – геном ва пластомро дар раванди ташаккулёбии ҷараёни фотосинтез кашф намудааст. Тадқиқоти мазкур барои ташаккулёбии консепсияи назорати тарафайни ҳаста ва пластидии раванди фотосинтезро  асос гузошт ва ин назария аз тарафи кулли олимон ҷаҳон эътироф гардид.

Қ. Алиев бори аввал  пайдоиши ҷараёни кислотаи  рибонуклеинии нақлиёти (КРН-н)-и  хлоропластҳоро низ исбот намуд. Натиҷаи кашфиёти мазкур дар маҷаллаи байналмиллалии Biochem.Biophys.Acta чоп гардид. Олими тоҷик бо академик Н.М. Сисакян ва профессорон И.И. Филиппович, Э.Н. Светайло ҳаммуаллифи кашфиёти рибосомаҳои хлоропластҳо (дастгоҳи биосинтези сафедаҳо) мебошад.

Ӯ яке аз аввалинҳо шуда  ҳиссаи генҳои  танзимкунандаи пайдарпаии нуклеотидҳои зервоҳиди калони ферменти калидии фотосинтез — рибулозо-1.5-бисфосфаткарбоксилаза/оксигеназа (Рубиско)-и пахта ва пайдарпайии боқимондаи аминокислотагии зервоҳиди калони   Рубискоро низ муайян намудааст. Натиҷаҳои ин  тадқиқот дар саҳифаҳои маҷаллаи байналмиллии Nucleic Acids Reserch соли 1990  нашр шудаанд.

Ин дастоварди илмӣ ба Бонки илмии ҷаҳонӣ дар Швейтсария ворид шуд ва  ҳамчун кашфиёт  дар соҳаи биологияи молекулавии растанӣ эътироф шудааст. Дар соли 2000 таҳти  роҳбарии профессор Қ. Алиев шакли мембранапайвасти Рубиско зери  таҳқиқ қарор гирифт ва исбот гардид, ки тағйирёбии амалиёти карбоксилкунонии Рубиско ба ассотсиатсияи он бо мембранаи якўмин нақши асосиро  иҷро мекунад (ж. Физиология растений, 2001. маҷаллаи Академияи илмҳои Россия).

Имрӯзҳо ин олими пуркор ҳамроҳи шогирдонаш усулҳои биологияи молекулавӣ, биохимия ва физиологияи растаниро дар соҳаи биотехнологияи ҳозиразамон бомуваффақият истифода мебарад.  Таҳти роҳбарии ӯ як зумра навъҳои картошка аз ҳуҷайраҳои столонӣ, ки ба омилҳои стрессӣ устуворанд, ба даст оварда шудаанд.

Қ. Алиев аввалин маротиба парвариши картошкаи беҷирмро аз столонҳо  дар соҳаи тухмипарварии картошка дар истеҳсолот ба роҳ мондааст, ки дар биотехнологияи растанӣ дастоварди инноватсионӣ ба шумор меравад.

Хизмати   Қ. Алиев дар тарбияи кадрҳои баландихтисос низ хеле назаррас аст. Дар озмоишгоҳе, ки ӯ роҳбарии онро бештар аз 40 сол ба ӯҳда дорад, ҳоло бештар аз 40 нафар рисолаҳои номзадӣ ва  докториро дифоъ намудаанд. Аз ҷумла, 23 нафар таҳти роҳбарии бевоситаи ӯ рисолаҳои илмии хешро ҳимоя намудаанд. Айни замон  таҳти роҳбарии ӯ  2 рисолаи докторӣ ва 2 рисолаи номзадӣ омода ба ҳимоя мебошанд, инчунин 2 нафар унвонҷӯ ва 2 нафар аспирант таҳти роҳбарии ӯ корҳои илмӣ- тадқиқотии худро давом дода истодаанд.

Бояд зикр намуд, ки ҳар сол аз мамлакатҳои хориҷ (Норвегия, Германия, Полша ва Ҳиндустон ва ғайраҳо) ба озмоишгоҳи биологияи молекулавӣ ва биотехнолгияи растаниҳо донишҷўёни хориҷӣ омада, дар ин ҷо корҳои илмӣ-тадқиқотирро зери роҳбарии профессор Қ. Алиев мегузаронанд.

Қ. Алиев бо шогирдонаш дар натиҷаи омезиши усулҳои селексияи анъанавӣ ва биотехнологияи муосир 6 навъи нави картошкаро ба даст овардаанд, ки онҳо ҳоло дар минтақаҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон афзоиш дар майдони бештар аз 5 ҳазор гектар кишт мегарданд, ки ин баҳри таъмини амнияти озуқории мамлакатамон мусоидат менамояд.

Қ.Алиев муаллифи беш аз 250 асари илмӣ, аз ҷумла 4 монография:  «Механизми молекулавии биогенези дастгоҳи фотосинтези растанӣ»  (1997),  китобҳои «Парвариши картошкаи солимгардонидашуда дар Тоҷикистон» (1996), «Биотехнологияи растанӣ: асосҳои ҳуҷайравӣ ва биологияи молекулявӣ, қисми 1 (2012), «Биотехнологияи растанӣ: столонҳо усули нави солимгардонии картошка бо усули ҳуҷайравӣ», қисми 2 (20014) мебошад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даствордҳои илмию эҷодии Қ. Алиевро ба назар гирифта, ӯро соли 1999 бо ордени «Шараф» ва дар соли 2011 бо унвони фахрии «Арбоби шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон» сарфароз гардонидааст.

Бояд ёдовар шуд, ки солҳои тӯлонӣ Қ. Алиев аъзои Шӯрои илмӣ оид ба ҳимояи рисолаҳои илмӣ дар ҷумҳурӣ  буд ва дар солҳои охир ҷонишини раиси Шӯрои диссертасионӣ оид ба ихтисоси «биохимия» дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.

Қ. Алиев дар баробари иҷро намудани нақшаҳои илмӣ- тадқиқотӣ инчунин ба корҳои омӯзгорӣ низ машғул мебошад. Ӯ  ба донишҷӯён дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шотемур, дар филиали Донишгоҳи давлатии Москваи ба номи М.В. Ломаносов дар шаҳри Душанбе ва дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дарсҳои махсуси омӯзиширо оиди биохимия, биологияи молекулявӣ ва биотехнологияи растаниҳо дарсҳои лексионӣ ва амалиро дар сатҳи баланд мегузаронад. Ҳамин тавр, Қурбон Алиев тамоми умри худро ба тадқиқотҳои илмӣ бахшида, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон асосгузори мактаби илмии биотехнология, физиолгия ва биохимияи растаниҳо ба шумор меравад. Ӯ  дар  рушду нумӯи биологияи молекулавӣ, биохимия ва физиологияи растанӣ дар қатори дигар олимони варзидаи олам, дар ин ҷабҳа саҳми арзанда доранд.  Пайваста бо корҳои илмию тадқиқотӣ дар корҳои ташкилӣ ва оммавии Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АИ ҶТ фаъолона иштирок менамояд.

Мавҷуда АНВАРӢ,
АМИТ «Ховар»

Январь 15, 2020 09:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2027 дар Тоҷикистон Форуми VI байналмилалии ҷавонони эҷодкор доир мегардад
Кулолгар Фозил Носиров: «Армуғонҳо бояд Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намоянд»
ШАБИ ЯЛДО. Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Дар Душанбе маҳфили адабии нависанда, драматург, тарҷумон ва публисист Мансур Суруш доир гардид
Дар «Тоҷикфилм» лоиҳаҳои синамоӣ рӯнамоӣ мегарданд
Баргузории рӯзҳои фарҳанг байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ шуд
Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба номи Давлатманд Хол гузошта шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Айнӣ Маркази фарҳангию фароғатӣ сохта мешавад
ҲАР ОН КАС КИ ШОҲНОМАХОНӢ КУНАД. Андешаҳои профессор Нуралӣ Нурзод вобаста ба баргузории озмуни «Шоҳномахонӣ»
Дуғдоғи беозору зебо «Парандаи сол-2025» дар Тоҷикистон интихоб шуд
Дар Самарқанд спектаклҳои «Хунхори Торросӣ» ва «Агар ҷанг намебуд» намоиш дода мешаванд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Миср дар самти таҳқиқ ва омӯзиши мероси таърихию фарҳангӣ густариш меёбад