Раиси Иттифоқи кинематографистони Афғонистон, дӯсти Тоҷикистон ва тоҷикон Ҷавоншер Ҳайдарӣ аз олам даргузашт

Январь 21, 2020 15:30

ДУШАНБЕ, 21.01.2020. /АМИТ «Ховар»/. Раиси Иттифоқи кинематографистони Афғонистон Ҷавоншер Ҳайдарӣ имрӯз дар синни 68 аз олам даргузашт. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.

Марҳумро кинематографистони тоҷик дӯсти Тоҷикистон ва тоҷикон унвон мекунанд. Вай солҳои охир мавод ҷамъоварӣ намуда, ният дошт дар бораи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон филм ба навор бигирад, аммо умр вафо накард.  Ҷавоншер Ҳайдарӣ имрӯз дар манзилаш дар шаҳри Кобул дунёи фониро падруд гуфт.

Чанд  рӯз пеш  дар АМИТ «Ховар» мақолае таҳти унвони «Раиси Иттифоқи кинематографистони Афғонистон Ҷавоншер Ҳайдарӣ: «Тоҷикистон кишварест, ки ба пеш ҳаракат мекунад ва ба Афғонистон нафъ меорад» аз рӯзномаи «The Kabul Times» аз 12 декабри соли 2019  бознашр шуд. Дар мақолаи мазкур ӯ танҳо дар бораи Тоҷикистони соҳибистиқлол навиштаву замони пешинаву имрӯзаи онро ба қалам дода, аз ҷумла гуфтааст: «Ҳоло Тоҷикистон кишваре нест, ки 25 сол пеш буд. Он пешрафт кардааст ва рӯз ба  рӯз рушд намуда истодааст».

Ҷавоншер Ҳайдарӣ маҳз Тоҷикистонро майдони парвози кинематографистони афғон медонист ва ба ҳар восита кӯшиш мекард робитаи киносозони афғонро бо Тоҷикистон мустаҳкам кунад. Ӯ меҳмони доимии фестивалҳои кино дар Тоҷикистон буд.

Соли 2019 равоншод Ҷавоншер Ҳайдарӣ дар доираи Фестивали байналмилалии «Дидор» дар ҳамоише, ки  дар мавзӯи «Масъалаҳои синамои мустанади муосир дар мамлакати ҷудогона» гузаронида шуд, иштирок ва суханронӣ намуда, ба дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон дар соҳаи кинематография ва рушди соҳаи кино дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат баҳои баланд дод.

Ҷавоншер Ҳайдарӣ аз зумраи маъруфтарин синамогарони Афғонистон аст, ки охири солҳои 70-ум ба майдони кинои ҷумҳуриаш ворид шуда, бештари фаъолияти ӯ ба давраи салтанати «Толибон» рост омад.

Ӯ бештар аз 15 сол раиси Иттифоқи кнематографистони Афғонистон буд ва барои муаррифии кинои мамлакаташ талошҳо мекард. Ҳатто  мегӯянд дар рӯзҳои вопасин ҳам дар мавриди корҳои кнематографистони  кишвар ва роҳ пайдо кардани он ба фестивалҳои  ҷаҳонӣ суҳбатҳо мекардааст.

Ҷавоншер Ҳайдарӣ соли 1952 дар Шаҳри Кӯҳнаи Кобул таваллуд шуда, таҳсилоти миёнаро дар литсейи олии «Ҳабибия» ва  таҳсилоти олиро дар риштаи геологияи Донишкадаи Кобул ба поён расонидааст.

Ҳайдарӣ аз даврони мактабӣ ба ҳунару нақшофаринӣ ва омода кардани намоишҳо шавқу рағбат дошт ва яке аз фаъолони Кумитаи фарҳангии Донишгоҳи Кобул буда, аксари нақшҳои асосиро бозӣ мекард.

Ӯ дар намоишҳои машҳури он замон, назири «Бале гуфтан» — и Ҷалол Нуронӣ ва «Хасис» — и Молер нақши асосӣ бозидааст. Ҳанӯз дар донишгоҳ ӯ бо радио ва телевизиони Афғонистон ҳамкорӣ карда, теъдоди зиёде аз филмҳои телевизиониро коргардонӣ ва дар иддае, назири «Деҳкадаҳо бедор мешаванд», «Гуноҳ», «Сабур сарбоз», «Ҳодиса», «Алмоси сиёҳ», «Рӯё» ва «Сарбунд» нақшҳои асосиро бозидааст.

Январь 21, 2020 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад