Роҳбарони ширкатҳои ҳавопаймоии Осиёи Марказӣ дар Алмаато ҷамъ омаданд

Январь 27, 2020 10:40

ДУШАНБЕ, 27.01.2020/АМИТ «Ховар»/. Дурнамои рушди соҳаи авиатсия, масоили стратегияи ҳамлу нақл ва заминаи меъёрию ҳуқуқии Иттиҳоди Аврупо оид ба алоқаи ҳавоӣ, пардохтҳои фурудгоҳӣ ва низоми маълумот оид ба мусофирон API-PNR дар ҳамоиши дуюми роҳбарони ширкатҳои ҳавопаймоии давлатҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон баррасӣ гардид.

Аз хадамоти матбуоти  ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ҳамоиш дар радифи роҳбарони ширкатҳои ҳавопаймоии  «Somon Air»-Тоҷикистон, «Air Astana», «QAZAQ Air» ва «SCAT»-и Қазоқистон, «AviaTraffic»-и  Қирғизистон, инчунин «AZAL»-и Озарбойҷон ва  намояндагони IATA- Ассосиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ иштирок намуданд.

Роҳбарони ширкатҳои ҳавопаймоӣ таъкид намуданд, ки бехатарӣ барои соҳаи авиатсия афзалияти аввалиндараҷа буда, барои ноил шудан ба сатҳи баландтарини бехатарӣ талошҳои муштарак зарур аст. Аз ҷумла, аудити IOSA барномаи муҳимест, ки стандартҳои баландтари бехатариро барои ширкатҳои ҳавопаймоӣ таъмин мекунад ва мақомоти танзимкунанда бояд аудитро ҳамчун як барномаи муҳим барои баланд бардоштани бехатарии парвозҳо баррасӣ намоянд. Ғайр из ин, таҳкими ҳамкорӣ байни ҷомеаи авиатсионӣ ва мақомоти Иттиҳоди Аврупо коммуникатсияро беҳбуд мебахшад ва бо истифода аз таҷриба ва донишҳои пешқадам дар соҳаи ҳавопаймоӣ ноилшавӣ ба мақсадҳои умумиро фароҳам меорад. Роҳбарони ширкатҳои ҳавопаймоӣ рушди API/PNR-ро дар минтақа, ҷиҳатҳои мусбат ва манфии татбиқи ин барномаро дар Осиёи Марказӣ баррасӣ карданд. Сарони ширкатҳои ҳавопаймоӣ иброз доштанд, ки татбиқи API/PNR масъалаи амнияти миллӣ мебошад ва аз ин рӯ бояд аз ҷониби мақомоти давлатӣ маблағгузорӣ карда шавад.

Ҳамоиши роҳбарони ширкатҳои ҳавопаймоии давлатҳои Осиёи Марказӣ нишасти муҳим мебошад, зеро дар он масъалаҳои мубрами марбут ба рушди авиатсияи гражданӣ дар Осиёи Марказӣ мунтазам баррасӣ мешаванд. Коршиносони IATA табодули таҷриба намуда, манфиатҳои иқтисодии авиатсия, тамоюлҳои рушд ва дурнамои минтақаро муҳокима мекунанд.

Мавриди зикр аст, ки моҳи майи соли гузашта Душанбе мизбони нахустин ҳамоиши роҳбарони ширкатҳои ҳавопаймоии Осиёи Марказӣ гардида буд.

Январь 27, 2020 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид