Руҳонӣ гунаҳгорони ҳодисаи «Boeing»-и украиниро ба ҷавобгарӣ мекашад

Январь 11, 2020 10:51

ДУШАНБЕ, 11.01.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Эрон аз иштибоҳе, ки нисбат ба ҳавопаймои «Ширкати ҳавопаймоии байналмилалии Украина» дар наздикии Теҳрон роҳ дода шуд, сахт андӯҳгин аст. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад, дар ин бора рӯзи шанбе президенти Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ эълом дошт.

«Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ин иштибоҳи фоҷиабор сахт андӯҳгин аст», — навиштааст ӯ дар саҳифаи «Твиттер»-аш. Рӯҳонӣ ҳамчунин ба қурбониёни фоҷиа изҳори тасаллият кард.

Ӯ тазаккур дод, ки таҳқиқи ин ҳодиса то муайян шудани ҳолатҳои «фоҷиаи бузург» ва «иштибоҳи нобахшиданӣ» идома хоҳад ёфт.

Рӯҳонӣ ваъда дод, ки гунаҳгорони нобудсозии ҳавопаймои украиниро ба ҷавобгарӣ мекашад.

Субҳи рӯзи шанбе хабаргузории «ISNA» изҳороти ситоди генералии қувваҳои мусаллаҳи Эронро паҳн кард. Дар он гуфта мешавад, ки ҳавопаймои «Ширкати ҳавопаймоии байналмилалии Украина» дар наздикии Теҳрон «дар натиҷаи иштибоҳи тасодуфии инсонӣ» зада шуд.

Тибқи изҳорот, ин ҳавопаймо дар наздикии яке аз иншооти муҳими низомии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ (воҳидҳои баргузидаи қувваҳои мусаллаҳи Эрон) буда, аз рӯи шакл ва баландии парвоз он бо «объекти душман» шабоҳат доштааст.

 

ДАР АКС: Президенти Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ. © Майкл Метсел / ТАСС

Январь 11, 2020 10:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳиндустон ҳавопаймо суқут кард
Дар Фаронса барои кӯдакони то 15-сола истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ манъ карда мешавад
Дар Қазоқистон пешниҳод намуданд, ки пӯшидани фаранҷӣ ва ниқоб манъ карда шавад
«МО ЯК УҚЁНУСЕМ». Фаронса мизбони сеюмин Конфронси СММ оид ба Уқёнус хоҳад буд
Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад