Рустами Эмомалӣ бо корҳои бунёдӣ дар маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» шинос шуд

Январь 29, 2020 17:13

ДУШАНБЕ, 29.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо ҷараёни корҳои бунёдӣ дар сохтмони  «Боғи  Истиқлолият»   бо майдони маҷмааи меъмории рамзи  «Истиқлолият ва Озодӣ»-и пойтахт шинос шуд. Боғи мазкур муҳташамтарин иншооти  ҷашнӣ дар мамлакат маҳсуб мешавад, ки бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахт бунёд мегардад.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни боздид аз  ин иншоот ба Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ иттилоъ доданд, ки то имрӯз тадбирҳои вобаста ба бунёди чоҳбонии маҷмаа ва бунёди мехсутунҳо андешида  шуда, корҳо барои бунёди маҷмааи меъморӣ омода гардидаанд.

Бунёди боғи «Истиқлолият» бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо майдони маҷмаи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» зери таваҷҷуҳи хоссаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Аз ин лиҳоз,  дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 январи соли равон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва дигар масъулин бобати дар муҳлати муқарраргардида ва бо сифати аъло ба анҷом расонидани корҳои сохтмонии Боғи «Истиқлолият» бо майдони маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Масоҳати умумии Боғи «Истиқлолият» бо майдони маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» дар пойтахт 30 гектарро ташкил дода, он дар ҳудуди хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаҳои Саид Носир, Ҳабиб Аҳрорӣ ва Ойгули пойтахт (паси «Кохи Ваҳдат» меҳмонхонаи «Авесто» ва Донишгоҳи омӯзгорӣ) воқеъ мебошад.

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳои бунёдӣ дар иншооти мазкур ба сифатнокӣ ва муҳлати иҷрои корҳо, масолеҳи сохтмонӣ ва вусъат бахшидани дигар тадбирҳои вобаста ба бунёди он, аз ҷумла иншооти бартарафшавандаи атрофи маҷмаа таваҷҷуҳ зоҳир намуда, масъулинро муваззаф намуд, ки иҷрои корҳои сохтмониро дар вақти муқарраргардида таъмин намоянд.

Дар маҷмааи «Истиқлолият ва Озодӣ» майдони баргузории чорабиниҳои сиёсӣ, ки масоҳаташ 2,7 гектарро ташкил медиҳад, бунёд мешавад.

Майдони мазкур дар назди муҷассама ҷойгир шуда, барои роҳпаймоиву намоишҳои театришуда пешбинӣ шудааст.

Ин иншооти муҳташам аз минбар, дарвозаи марказӣ ва дарвозаҳои шимолию ҷанубӣ, фаввораҳо, шаршара, деворнигора, айвончаҳо, майдони баргузории роҳпаймоиҳо, гулгашт, ҳавзҳои декоративӣ бо наҳрҳо, таваққуфгоҳҳо ва ғайра иборат мебошад.

Баландии муҷассама 121 метр буда, қисми поёнии он 30 метр ва қисми болоии он 91 метрро ташкил медиҳад, ки он рамзи 30-солагии Истиқлолият ва дар соли 1991 ба даст овардани истиқлолиятро ифода менамояд.

Дар ҳудуди боғ зирк, сиёҳгилаи японӣ, ирғай, шамшоди ҳамешсабз, буттаҳои тобистонсабз, барфбуттамеваи сафед, ёсумани боғӣ, изғичи печон, бушол ва дигар намудани гулу бутта ва дарахтони нодир шинонида мешаванд.

Боғи «Истиқлолият» бо майдони маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» дар шаҳри Душанбе тибқи нақша соли 2021 мавриди истифода қарор дода мешавад.

Дар идомаи раванди созандагиҳо дар шаҳри Душанбе бунёди Боғи «Истиқлолият» бо майдони маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» аз пешрафту шукуфоӣ ва рушду нумуи мамлакат шаҳодат дода, дар он барои сокинону меҳмонони пойтахт тамоми шароит барои истироҳату фароғат фароҳам оварда мешавад.

 

Январь 29, 2020 17:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд