Сафари кории Раиси Раёсати умумии амнияти миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ 15.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. 14-15-уми январи соли 2020 сафари кории Раиси Раёсати умумии амнияти миллии Афғонистон Аҳмад Зиё Сироҷ бо ҳайати баландпояи ин хадамот ба Тоҷикистон доир гардид.
Зимни сафар, мулоқоти ӯ бо Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов баргузор шуд.
Дар рафти музокирот масъалаҳои тавсеа бахшидани ҳамкориҳои самараноки дуҷониба дар таъмини амнияти минтақа, суботу оромии Афғонистони ҳамсоя, муборизаи муштарак ба муқобили терроризми байналмилалӣ, ҳифзи сарҳади давлатӣ, пешгирии қочоқи маводи мухаддир ва дигар масъалаҳои муҳим муҳокима гардиданд.
Ҷониби Афғонистон, ки дар сафи пеши мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ қарор дорад, изҳор дошт, ки бо мақомоти низомию амниятии Тоҷикистон ҳамкориҳои судмандро ба манфиати ду кишвар ва минтақа дар вобастагӣ бо хатарҳои нави геополитикӣ, таҳдидҳои воқеӣ ва эҳтимолӣ боз ҳам мустаҳкамтар хоҳад кард.
Тарафҳо ибрози нигаронӣ карданд, ки қаламрави Афғонистон бо дахолати қувваҳои муайяни тахрибкори байналмилалӣ ба майдони ҳарбу зарб табдил ёфтааст. Ин ҳолат, боиси эҷоди хавфу хатар барои кишварҳои ҳамсоя низ мебошад.
Дар алоқамандӣ бо вазъияти бавуҷудомада, таҳдиди мустақими созмонҳои террористии байналхалқӣ, аз ҷумла «ал-Койида», «Давлати исломӣ», «Ҳизби наҳзати ислом», «Ансоруллоҳ», «Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ», «Ҳаракати исломии Туркистон» ва ғайра таъкид гардид.
Ҷониби Тоҷикистон миннатдории худро ба Раёсати умумии амнияти миллии Афғонистон ҷиҳати ошкор сохтан, муборизаи беамон бурдан ба муқобили гурӯҳҳои террористие, ки омодагии махсус дида, барои содир намудани амалҳои мудҳиши террористӣ дар Тоҷикистон супориш гирифта буданд, изҳор дошт.
Тарафҳо омодагии худро барои боз ҳам амиқтар гардонидани ҳамкориҳо барои таъмини амнияти марзҳои Тоҷикистону Афғонистон дар самтҳои мубориза бо терроризм, экстремизм, қочоқи силоҳ ва маводи мухаддир таъкид карданд.
Мулоқот дар фазои дӯстона, ҳусни тафоҳум сурат гирифт ва барои вусъати тоза бахшидани муносибатҳои шарикона дар шароити кунунӣ ва оянда мусоидат хоҳад кард.
Дар фарҷоми мулоқот Раиси РУАМ ҶИА аз натиҷаи ташрифи худ ба Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, аз Раиси КДАМ ҶТ даъват ба амал овард, ки дар фурсати муносиб ба Афғонистон сафари корӣ анҷом диҳад. Даъват пазируфта шуд.








Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд






