Сенатори ИМА Марко Рубио: Амрико баъди ҳамлаи Эрон тадбирҳои ҷавобӣ меандешад

Январь 8, 2020 14:53

ДУШАНБЕ, 08.01.2020/АМИТ «Ховар»/. Сенатори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Марко Рубио гуфт,  ки Амрико ба вазъ ҷиҳати муайян кардани чораҳои мувофиқ барои ҳамлаи Эрон баҳо медиҳад.

«Ба ман дар бораи ҳамлаҳои мустақими Сипоҳи посдорони инқилоби  исломӣ, ки аз қаламрави Эрон ба ду пойгоҳ дар Ироқ шоми имрӯз мушак партофта шуд ва дар он қувваҳои эътилоф  ҷойгиранд, иттилоъ доданд. Барои муайян кардани ҷавоби мувофиқ арзёбии пурраи вазъият идома дорад», — навиштааст ӯ дар Твиттер.

Қаблан сухангӯи президенти ИМА Доналд Трамп Стефани Гришэм гуфта буд, ки вай аз ҳамла ба пойгоҳҳои амрикоӣ дар Ироқ огоҳ аст ва бо гурӯҳи мушовирони худ машварат мекунад.

Намояндаи Пентагон Ҷонатан Хоффман изҳор дошт, ки зарба аз  ҳудуди Эрон зада шудааст. Гуфта мешавад, ки ба пойгоҳи Айн-ал — Асад дар ғарби Ироқ ва пойгоҳ дар Эрбил ҳамла сурат гирифтааст. Масъулияти ин ҳамларо  Сипоҳи  посдорони инқилоби исломӣ  бар дӯш гирифт.

 Дар акс: сенатор Марко Рубио. Акс аз бойгонӣ

 

Январь 8, 2020 14:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Бар асари обхезиву ярч ҳазорон нафарро дар Чин ба ҷойҳои амн кӯчониданд
Дабири кулли СММ даъват намуд, ки бинобар тағйирёбии иқлим ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ $100 млрд ҷудо шавад
Дар натиҷаи таркиши кони ангишт дар Чин теъдоди ҳалокшудагон ба 11 нафар расид
Дар тӯли ду сол дар Афғонистон 38 корманди СММ ҳалок шудаанд
Соли 2023 метавонад бинобар шумораи зиёди ҳалокшудагон ва захмиён дар байни кормандони созмонҳои башардӯстона рекордӣ бошад
Теъдоди аз сӯхтор ҳалокшудагон дар Гавайя ба 106 нафар расид
Раддабандии нави шаҳрҳои аз ҳама хатарноктарини Аврупо ва ҷаҳон ба нашр расид
Теъдоди ҳалокшудагони сӯхтори Гавайя ба 67 нафар расид
NASA аз наздик шудани астероиди эҳтимол ба Замин хатарнок иттилоъ дод
Теъдоди ҳалокшудагон дар натиҷаи сӯхтори ҷангал дар Гавайя аз 50 нафар гузашт
Гармии зимистон дар Чили ба 37 дараҷа расид
Дар Улан-Батор хуруҷи бемории вабои бубонӣ сабт гардид