ШОҲИДИ СЕ АСР! Дар вилояти Суғд сокини куҳансолтарини Тоҷикистон дар синни 127-солагӣ аз олам даргузашт

Январь 29, 2020 11:33

ДУШАНБЕ, 29.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Сокини деҳаи Даҳанаи ҷамоати шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашти вилояти Суғд Фотима Мирзоқулова, ки куҳансолтарин сокини Тоҷикистон маҳсуб мешуд, дар синни 127-солагӣ аз олам даргузашт. Ҷасади ӯ 25 январ дар ҳамон деҳа ба хок супорида шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт хабар доданд.

Фотима Мирзоқулова 13 марти соли 1893 дар деҳаи Қаҳрамон, собиқ Булоқи ноҳияи Ашт ба дунё омадааст ва баъди издивоҷ бо як сокини Даҳана ба ин деҳа кӯчидааст.

Тибқи маълумоти пайвандон, ӯ якумр дар колхозҳои ноҳия (ҳоло хоҷагиҳои деҳқонӣ) кор кардааст. Соҳиби 8 фарзанд: панҷ духтару се писар аст, ки ҳар яке соҳиби маълумот, оилаву хонаву даранд. Ин зани меҳнатӣ баъди ба нафақа баромадан ҳам дар хона нишаста наметавонист ва дар мавсими ҷамъоварии ҳосили пахта ба саҳро баромада, кор мекард. Аз аввал то анҷоми мавсими ҷамъоварии ҳосили «тиллои сафед» заҳмат мекашид. Барояш ин кор хеле писанд буд.

Бино ба маълумоти расонаҳо, бибии Фотима худ роҳ гашта метавонист ва аз саломатияш шикояте надошт.Ӯ давраҳои ҷавонияшро ба ёд оварда, мегуфт, ки дар сохтмони канали Фарғона кору фаъолият кардааст. Бибии Фотима ҳатто ҳамдеҳаи машҳураш Туйчӣ Эрйигитовро, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳалок гардида, барои корнамоиҳояш сазовори унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ шудааст, ба хубӣ дар ёд дошт.

Гуфта мешавад, ки ду сол пеш 125-солагии Фотима Мирзоқуловаро дар деҳаи Даҳана дар ҳалқаи фарзандону наберагон ва хешу табори наздикаш ҷашн гирифта буданд. Тантанаи расмие ба ин муносибат доир накарда буданд. Дар арафаи Рӯзи Модар ҳар сол намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси ноҳия дар қатори дигар занони собиқадору умрдида ба аёдати Фотима Мирзоқулова меомаданд.

«Бибии Фотима соҳиби қариб 200 набераю абераю чабера аст. Ин зани нуронӣ шоҳиди се аср — 19, 20, 21 ва се давраи таърихӣ — Россияи подшоҳӣ, Иттиҳоди Шӯравӣ ва, инак, Тоҷикистони соҳибистиқлол буд»,- гуфтанд ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт.

Январь 29, 2020 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад