СММ ба тафтиши ҳамаҷонибаи суқути ҳавопаймои мусофирбари Украина умед дорад

Январь 10, 2020 10:02

ДУШАНБЕ, 10.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Созмони байналмилалии ҳавопаймоии  шаҳрвандӣ  ба тафтишоти ҳамаҷонибаи суқути ҳавопаймои украинӣ дар Эрон  умед дорад. Дар ин бора рӯзи панҷшанбе муовини намояндаи расмии дабири кулли СММ Фархан Ҳақ изҳорот пахш кард,  хабар медиҳад АМИТ» Ховар» дар истинод бо агентии иттилоотии «Синхуа» 

Ба гуфти ӯ, СБҲШ, ки муассисаи махсусгардонидашудаи СММ буда,  барои танзими ҳаракати байналмилалии ҳавопаймоҳо  ҷавобгар аст, изҳор доштааст, ки созмон дар бораи суқути ҳавопаймо хабари расмӣ гирифт.

Ф. Ҳақ изҳор дошт,ки  тафтишоти ҳамаҷониба гузаронида мешавад ва Эрон ба СБҲШ дар тӯли як моҳи  баъд аз суқути ҳавопаймо ҳисоботи пешакӣ пешниҳод менамояд.

Рӯзи сешанбе ҳавопаймои мусофирбари Украина дар наздикии Теҳрон суқут карда, ҳамаи 176 нафар, ки дар он қарор доштанд, ба ҳалокат расиданд.

Январь 10, 2020 10:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ чораҳои муҳофизат аз гармии тобистонро пешниҳод менамояд
Гармои шадид дар Аврупо сабаби сӯхтори ҷангалҳо гардид
Беш аз 2 миллиард одамон ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надоранд
Даҳҳо ҳазор нафар дар ҷануби Чин бар асари тӯфон кӯчонида шуданд
Дар Ҳиндустон ҳавопаймо суқут кард
Дар Фаронса барои кӯдакони то 15-сола истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ манъ карда мешавад
Дар Қазоқистон пешниҳод намуданд, ки пӯшидани фаранҷӣ ва ниқоб манъ карда шавад
«МО ЯК УҚЁНУСЕМ». Фаронса мизбони сеюмин Конфронси СММ оид ба Уқёнус хоҳад буд
Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест