Сокини 20-солаи ноҳияи Рашт зери тарма монда, ҳангоми интиқол ба бемористон фавтид

Январь 8, 2020 16:15

ДУШАНБЕ, 08.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. 7  январ сокини 20- солаи деҳаи Сиполинги ҷамоати деҳоти Ясманди ноҳияи Рашт зери тарма монда,  пас аз баровардан аз зери тӯдаи барф дар роҳ ҳангоми интиқол ба беморхона ба ҳалокат расидааст.  Дар ин бора  аз  Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи мазкур  аввалин қурбонии тарма дар соли 2020  маҳсуб мешавад.  Аз ин рӯ  Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз шаҳрвандон ва меҳмонон  хоҳиш менамояд, ки аз сафару саёҳат  ба минтақаҳои хавфнок худдорӣ намуда, эҳтиёткор бошанд. Инчунин дар   рӯзҳои ҳавои номусоид   аз сафар кардан ба ноҳияҳои дурдаст, анҷоми ҳар гуна корҳои саҳроӣ ва шикор худдорӣ намоянд.  Зеро хатари фаромадани тарма  ҳанӯз мавҷуд мебошад.

Ёдовар мешавем, ки 2 январ дар натиҷаи фаромадани тарма дар километрҳои аз 62 то 74-и  роҳи мошингарди Душанбе-Айнӣ наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар якҷоягӣ бо кормандони ширкати «Innovative Road Solutions» 3 корманди ширкати IRS-ро  аз зери барф   бе осеб наҷот доданд.

Январь 8, 2020 16:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мешавад
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад