Соли 2019 ба хориҷи мамлакат ба маблағи беш аз 18 млн доллар маҳсулоти кишоварзӣ содирот карда шудааст
ДУШАНБЕ, 27.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2019 ба миқдори беш аз 18 млн доллари ИМА маҳсулоти кишоварзӣ содирот карда шудааст, ки нисбат ба соли гузашта аз рӯи арзиш 1 864 729 доллари ИМА зиёд мебошад. Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотии Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ сардори Раёсати аграрӣ ва таъмини амнияти озуқавории ин вазорат Баҳодур Назаров иброз намуд.
Ҳамчунин зикр гардид, ки таъмини бозори истеъмолии мамлакат бо маҳсулоти озуқаворӣ ва содирот намудани маҳсулоти ватанӣ яке аз вазифаҳои Вазорати кишоварзӣ ба шумор меравад. Бино ба зикри номбурда, соли 2019 ба хориҷи мамлакат зиёда аз 1 18 446 тонна маҳсулоти растанипарварӣ ба маблағи 18,1 млн доллари амрикоӣ содирот шудааст.
Бояд тазаккур дод, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 20 январ зимни маҷлиси васеи Ҳукумат ба роҳбарони вазоратҳои номбурда ва раисони шаҳру ноҳияҳои мамлакат супоришҳои мушаххас доданд, ки барои афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзӣ имкониятҳои мавҷударо самаранок истифода намоянд.
Мавриди зикр аст, ки Тоҷикистон яке аз мамлакатҳои содироткунандаи мева ва хушкмева дониста мешавад.
Дар нишаст ба масъулин савол дода шуд, ки чаро соли 2019 мева, хушкмева ва дигар маҳсулоти хӯрокворӣ ба хориҷи мамлакат кам содирот шудаанд?
Дар посух ба ин савол сардори Раёсати аграрӣ ва таъмини амнияти озуқавории Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Назаров гуфт, ки соли гузашта аз мамлакат ба миқдори 136 ҳазор тонна мева содирот гардидааст. Зеро талаботи давлатҳои хориҷӣ ба хушкмеваҳои Тоҷикистон сол ба сол бештар мешавад.
Ба зикри номбурда, дар соҳаи растанипарварӣ 118 ҳазору 446 тонна маҳсулот содирот гардид, ки нисбат ба соли гузашта 11 фоиз кам мебошад. Соли 2019 содироти пиёз ва меваи зардолу дар шакли тару тоза нисбат ба дигар маҳсулот бештар содирот гардид.
Дар мавриди содироти лимӯ ба хориҷи мамлакат посух дода шуд, ки баъди санҷиши тӯлонӣ аз ҷониби коршиносони Чин ба қароре омаданд, ки содироти ин мева имсол аз Тоҷикистон ба Чин ба роҳ монда шавад.








Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд






