Соли 2019 дар минтақаи Кӯлоб бар асари ҳолатҳои фавқулода беш аз 10 миллион сомонӣ хисороти моддӣ расидааст

Январь 31, 2020 11:48

ДУШАНБЕ, 31.01.2020 /АМИТ «Ховар» /. Соли  гузашта дар минтақаи Кӯлоб 4 ҳолати  фавқулодаи табиӣ  ба қайд гирифта шуда, хисороти моддӣ 10 миллиону 332 ҳазору 418 сомониро ташкил  додааст. Дар ин бора сардори раёсати  Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании минтақаи Кӯлоб Абӯбакр Саидзода хабар дод.

Дар ноҳияи Балҷувон дар натиҷаи борони пай дар пайи  рӯзи 16 апрел сатҳи об дар дарёи Сурхоб якбора баланд гашта, сел  430 метр воситаҳои мустаҳкамкунии соҳилҳоро шуста, валангор кард, ки зарари он  1 миллиону  343 ҳазору 900 сомониро ташкил дод. Тобистон дар минтақаи Восеъ 5 бинои истиқоматӣ, 73  бинои иловагии  ёрирасон ва 8,8 гектар заминҳои кишоварзӣ  аз офати табиӣ  зиён  дида буданд.  Ҳаҷми  зарари расида аз  3 миллиону 377 ҳазору 491  сомонӣ  иборат аст.

Ба ҷуз ин, дар деҳаи Сурхоби ҷамоати Ғалабаи ноҳияи Фархор  низ ҳолати фақулода  ба қайд гирифта шудааст. 9 бинои истиқоматӣ, 121 бинои иловагии ёрирасон, 1,5 километр роҳи мошингард, 21 километр канали обёрикунанда, хатҳои интиқоли барқ, 120 гектар замини  кишоварзӣ зарар диданд. Ҳаҷми зарари расида 4 миллиону 846 ҳазору 672 сомониро ташкил дод.

Дар минтақаҳои мазкур барои ҳамаи осебдидагон  биноҳои нави истиқоматӣ сохта шуда, инфрасохтор барқарор гардид.

«Айни ҳол дар минтақаи Кӯлоб аз нуқтаи назари ҳолатҳои фавқулода  222 макони хавфнок  вуҷуд дорад, ки 13-тои он  ниҳоят пурхатаранд.  Ҳамаи минтақаҳои  хатарнок зери назорати доимӣ қарор доранд.  Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ҳамеша омодаанд, ки ба аҳолӣ  дар ҳар лаҳзаи шабонарӯз кумак расонида,  ҳолатҳои фақулодаро рафъ созанд», — зикр намуд Абӯбакр Саидзода.

Акс аз бойгонӣ 

Январь 31, 2020 11:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст