«Тоҷикстандарт» аз вуруди 5 тонна маҳсулоти қаннодии пастсифат ба бозорҳо ҷилавгирӣ намуд

Январь 28, 2020 09:56

ДУШАНБЕ, 28.01.2020. /АМИТ «Ховар»/. Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон («Тоҷикстандарт») воридоти 5 тонна маҳсулоти қаннодӣ — ириси «Aitan»-ро ба бозорҳои ҷумҳурӣ пешгирӣ намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз «Тоҷикстандарт» хабар доданд, дар доираи корҳои сертификаткунонии маҳсулот ба озмоишгоҳи ташхиси маҳсулоти хӯроквории дастгоҳи марказии Агентии «Тоҷикстандарт» намунаи маҳсулоти қаннодӣ – ириси «Aitan», ки аз ҷониби соҳибкори инфиродӣ ворид карда шудааст, пешниҳод гардид.

«Намунаи ириси мазкур бо риояи қоидаҳои ташхис ва истифодаи усулҳои муқарраршуда дар озмоишгоҳи ташхиси маҳсулоти хӯроквории Агентии «Тоҷикстандарт» аз ташхис гузаронида шуд. Дар раванди ташхиси физикӣ-кимиёвӣ муайян карда шуд, ки  намунаи маҳсулоти қаннодии пешниҳодгардида аз рўи нишондоди сифат ва бехатарӣ ба талаботи ҳуҷҷати меъёрии ГОСТ 6478-89 «Ирис. Шартҳои техникии умумӣ» мутобиқ нест», — афзуд манбаъ.

Ҳамзамон гуфта шуд, ки бо дарназардошти ин, ба маҳсулоти мазкур сертификати мутобиқат дода нашуда, барои муайян намудани ҳолати минбаъдаи миқдори умумии маҳсулоти қаннодии воридгардида, ки 5000 кг-ро ташкил медиҳад, ҷиҳати тибқи низоми «Реэкспорт» аз қаламрави ҷумҳурӣ берун баровардани маҳсулоти мазкур ба Хадамоти гумрук дархост пешниҳод гардид.

Январь 28, 2020 09:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст