Варзишгарони навраси тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс соҳиби 3 медал шуданд

Январь 13, 2020 10:00

ДУШАНБЕ, 13.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс миёни наврасон варзишгарони тоҷик сазовори 3 медал: 2 нуқра ва 1 биринҷӣ шуданд.  Мусобиқаи мазкур аз 6 то 10 январ дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир шуда, дар он наздик ба 200  нафар варзишгарони соли таваллудашон 2004-2005 аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон,  Қазоқистон ва Россия иштирок намуданд.

Тавре аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, мусобиқаи  байналмилалӣ оид ба бокс миёни наврасон аз рӯи 15 категорияи вазнӣ доир шуда, аз ҳайати дастаи Тоҷикистон медалҳои нуқраро Алишер Саидов дар вазни 44кг ва Абубакр Муродов дар вазни 54кг ба даст оварданд. Дар вазни 63кг Нурланбек Ёрматов ғолиби медали биринҷӣ гардид.

Январь 13, 2020 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд