Вазири энергетика ва захираҳои об Усмоналӣ Усмонзода: Иқтидорҳои муайяншудаи истеҳсолии низоми энергетикии мамлакат айни замон 6483,4 МВт-ро ташкил медиҳанд
ДУШАНБЕ, 27.01.2020. /АМИТ «Ховар»/. Иқтидори низоми энергетикии ҷумҳурӣ сол то сол афзоиш ёфта, бо дарназардошти ба истифода додани ду агрегати Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва неругоҳи «Тоҷикистон» иқтидорҳои муайяншудаи истеҳсолии низоми энергетикии мамлакат айни замон 6483,4 МВт-ро ташкил медиҳанд. Дар ин бора Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода зимни нишасти матбуотӣ зикр намуд.
«Вазорати энергетика ва захираҳои об бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари бунёди неругоҳҳои барқи обии нав ба масъалаи барқарор намудани иқтидорҳои мавҷуда таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Ҳоло таҷдиди неругоҳҳои «Сарбанд», «Қайроққум» ва марҳилаи якуми таҷдиди НБО «Норак» идома доранд, ки баъди таҷдиди пурра тавоноии ин се неругоҳ нисбат ба тавоноии воқеии имрӯзаи онҳо афзоиш хоҳад ёфт»,-гуфт Вазири энергетика ва захираҳои об.
Бино ба маълумоти номбурда, соли 2019 истеҳсоли неруи барқ дар ҷумҳурӣ 20 млрд. 676,2 млн. кВт. соатро ташкил дод, ки ин нисбат ба соли 2018, 934,5 млн. кВт. соат зиёд буда, суръати афзоиш 104,7 фоиз таъмин карда шуд (бо дарназардошти 280 адад НБО-и хурд).
Инчунин зикр гардид, ки ҳаҷми умумии содироти неруи барқи ба фурӯш баровардашуда дар соли 2019, 2 млрд. 888,9 млн. кВт. соатро ташкил дод, ки аз он 2 млрд. 883,3 млн.кВт. соат ширкати “Барқи Тоҷик” ва 5 млн. 621,2 ҳазор кВт. соат ширкати “Помир-Энерҷӣ” содирот намудааст. Ин нишондод нисбат ба соли 2018 481,7 млн. кВт. соат зиёд буда, суръати афзоиш ба 120 фоиз баробар шуд.
Бино ба маълумоти Вазир, соли 2019 корҳо дар доираи “Лоиҳаи минтақавии интиқоли барқ”, қисмати сеюми лоиҳаи “Кам намудани талафоти неру дар вилояти Суғд”, “Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит”, лоиҳаи “Ҷорӣ намудани системаи ҳисоби яклухти интиқоли неруи барқ ва беҳдошти шабакаҳои интиқоли барқ», “Таҷдиди НБО-и Сарбанд”, “Таҷдиди зеристгоҳи барқии 220 кВ Равшан”, “Беҳсозии шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе”, “Таҷдиди НБО-и Қайроққум”, “Лоиҳаи минтақавии хати интиқоли барқи CASA-1000” ва “Марҳилаи якуми таҷдиди неругоҳи барқи обии Норак” идома дода шуданд.
Дар доираи лоиҳаҳои зикршуда дар ҳаҷми 1 566 млн. доллар маблағ ҷалб карда шудааст, ки 473,5 млн. доллари онро маблағҳои грантӣ, 1 058 млн. доллар маблағҳои қарзӣ ва 35,3 млн. долларашро саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳад.








Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд






