Вазири корҳои дохилӣ бо нозирони минтақавии шаҳри Душанбе вохӯрӣ намуд
ДУШАНБЕ, 15.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода бо нозирони минтақавии шаҳри Душанбе вохӯрӣ намуд, ки дар он Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ шарҳ дода шуд.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Вазири корҳои дохилӣ таваҷҷуҳи ҳозиринро ба масъалаҳое, ки дар Паёми Президенти мамлакат вобаста ба самти фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ба хатари глобалӣ табдил ёфтани терроризму экстремизм, афзоиши ҷиноятҳо дар ин самт дарҷ гардиданд, ҷалб намуд.
Рамазон Раҳимзода доир ба ҳидоятҳои мақсадноки Пешвои миллат баҳри пешгирӣ аз ин зуҳуроти номатлуб, ки дар Паёми имсолаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён гардиданд, ибрози андеша намуд.
Тибқи иттилои манбаъ, Рамазон Раҳимзода доир ба мушкилоти дар минтақаҳои маъмурӣ ҷойдошта, аз ҷумла вазъи ҷинояткорӣ, хусусан бо иштироки ноболиғону ҷавонон, ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ, оқибатҳои ташвишовари гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои дорои хусусияти террористӣ-экстремистӣ ва дигар мавзӯъҳои доғи рӯз, ки дар вохӯрӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, сухан гуфт.
Дар ҷамъомад зикр гардид, ки ҷиҳати беҳтар намудани шароити хизматии нозирони минтақавӣ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2012 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани нақши нозирони минтақавии милитсия дар таъминоти тартиботи ҷамъиятӣ ва тавсеаи ҳамкории онҳо бо аҳолӣ», такони ҷиддӣ бахшид.
Сипас нозирони минтақавӣ барои таваҷҷуҳу ғамхорӣ ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ изҳори миннатдорӣ намуда, ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҷойдошта дар рафти фаъолияти хизматӣ пешниҳодҳои муфид намуданд.
Дар хотимаи вохӯрӣ Вазири корҳои дохилӣ ба нозирони минтақавӣ барои боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкорӣ бо аҳолӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва ошкорсозии кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ як зумра дастуру супоришҳои мушаххас дод.








Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид






