Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ: дар Тоҷикистон то ҳол ягон ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст

Январь 27, 2020 16:00

ДУШАНБЕ, 27.01.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Сомонаи «Ҳамсинф» имрӯз зери сарлавҳаи «Коронавирус дар Тоҷикистон аз худ дарак дод» навиштааст, ки «пас аз ворид шудани ҳавопаймоии «Сомон Эйр» аз Чин, яке аз мусофирон, марди миёнсол, ки шахсияти ӯ номаълум аст, дар ҳавопаймо ба ҳалокат расидааст».  Ин иттилоъро котиби матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бибихонум Дарвешзода  дар суҳбат бо АМИТ «Ховар» қатъиян рад намуда, иброз дошт, ки то ҳол дар ҷумҳурии мо ягон ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Ба гуфтаи Б. Дарвешзода, тайи чанд рӯзи охир дар Тоҷикистон тамоми парвозҳои ширкати «Сомон Эйр» ба самти Чин ва  ширкати  South China Airlines ба самти Тоҷикистон қатъ карда шудаанд.

«Инчунин айни ҳол дар фурудгоҳҳои байналмилалии ҷумҳурӣ таҷҳизоти зарурӣ, ба монанди  тепловизор ва термосканерҳо (таҷҳизотҳое, ки ҳарорати  бадани мусофиронро ба қайд гирифта, сабт мекунанд – тавз. АМИТ «Ховар») насб карда шудаанд», — гуфт котиби матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ.

«Тибқи Конвенсияи Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, яъне қоидаҳои байналмилалии тиббии санитарӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита шомили он мебошад, дар гузаргоҳҳои сарҳадии мамлакат, аз ҷумла ҳам дар гузаргоҳҳои ҳавоӣ ва ҳам заминӣ нуқтаҳои санитарӣ-карантинӣ мавҷуданд. Онҳо бевосита зертобеи  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Дар ин нуқтаҳо  тибқи фармоиши Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва пешниҳодоту амрномаҳои Сардухтури давлатии санитарии эпидемологии  Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди аз ҷониби Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ бонги хатар  задан  супориш дода мешавад, ки ин нуқтаҳо фаъолияти худро пурзӯр намуда, ба фаъолияти шабонарӯзӣ гузаранд», —  изҳор намуд Бибихонум Дарвешзода.

Ҳамзамон  котиби   матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки вақтҳои наздиктарин дар бораи ҷой надоштани ин беморӣ дар ҳудуди мамлакати мо маълумоти муфассал манзур менамояд.

Хотиррасон менамоем, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоими аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба Вазорати корҳои хорҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расман муроҷиат намуда, хоҳиш кард, ки сафарҳои корӣ ва сайёҳиро ба ҶМЧ муваққатан маҳдуд намоянд.

Тавре АМИТ «Ховар» пештар хабар дода буд, коронавирус охири моҳи декабри соли 2019 дар Ҷумҳурии Мардумии Чин паҳн шудааст. Аввалин ҳодисаҳои сироят дар шаҳри Вуҳани музофоти Ҳубей ба қайд гирифта шудаанд. То имрӯз ҳолатҳои сирояти коронавирус дар Австралия, Кореяи Ҷанубӣ, Непал, Малайзия, Япония, ИМА, Франсия ва Канада ба чашм мерасанд.Айни замон дар Чин беш аз 2 ҳазор нафар ба ин вирус сироят шуда, қариб 80 нафар фавтидаанд.

ДАР АКС: истифодаи термосканер. Акс аз бойгонӣ

Январь 27, 2020 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Вайрон намудани қоида ва меъёрҳои истифодаи қувваи барқ ҷиноят аст
Эмомалӣ Раҳмон: «Масъалаи талафоти неруи барқ ва истифодаи ғайриқонунии он дар ҷумҳурӣ ташвишовар аст»
АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ЭНЕРГЕТИКӢ ТАЪСИС ДОДА ШУД. Дар қонунгузории Тоҷикистон барои истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ гардид
Дар маҷаллаи «The Diplomatic Insight» мақолаи олимони тоҷик таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон – Пешвои дипломатияи байналмилалӣ» ба нашр расид
Сарвазири Тоҷикистон бо рафти корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар ноҳияи Тоҷикобод шинос шуд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон: «Пиряхҳои мо танҳо манбаи об барои минтақа набуда, дар ҳифзи иқлими минтақа низ нақши муҳим мебозанд»
Пиряхҳои Тоҷикистон боигарии бебаҳои табиӣ ва сарчашмаҳои муҳими оби тоза дар Осиёи Марказӣ мебошанд
ҶОИЗАИ «ШАҲРИ СУЛҲ». Онро Душанбе барои саҳми беандоза дар таҳкими сулҳ ва арзишҳои башарӣ бо қарори ЮНЕСКО соҳиб гардид
МАСЪУЛИЯТИ ШАҲРВАНДӢ. Барои ғайриқонунӣ истифода бурдани неруи барқ ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар гардид
Президенти Комиссияи Иттиҳоди Аврупо Урсула фон дер Ляйен аз иқтидори бузурги Неругоҳи азими барқи обии «Роғун»-и Тоҷикистон ёдовар шуд
Президенти Тоҷикистон тавсеаи ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказиро бо Иттиҳоди Аврупо дар соҳаи энергетикаи «сабз» аз самтҳои ояндадор номиданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Пиряхҳои Тоҷикистон танҳо манбаи об барои минтақа набуда, дар нигоҳдории иқлими минтақа низ нақши муҳим мебозанд»