21 феврал – Рӯзи байналмилалии забони модарӣ. Тоҷикон хушбахтанд, ки чунин забони бузург, дар ғановат камназир, шевою гӯшнавоз ва биҳиштӣ насибашон гардидааст

Февраль 21, 2020 10:49

ДУШАНБЕ, 21.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола  21 феврал дар ҷаҳон Рӯзи  байналмилалии забони модарӣ таҷлил карда мешавад. Ин рӯз дар иҷлосияи 30-юми конфронси генералии ЮНЕСКО, ки 17 ноябри соли 1999 баргузор гардида буд, бо мақсади ҳифзи забонҳо ва фарҳангҳои гуногуни ҷаҳон эълон гардид.

Ба ақидаи забоншиносон, иқдоми ЮНЕСКО дар масъалаи қабули Рӯзи байналмилалии забони модарӣ- ин даъват кардани давлатҳои рӯйи олам ба эҳтирому арҷгузорӣ ва ҳимояи ҳамаи забонҳо, аз ҷумла забонҳои ақаллиятҳои миллиест, ки дар замони ҷаҳонишавӣ ба онҳо хавфи нобудӣ таҳдид мекунад.

Ҳукумати ҷумҳурӣ дар баробари рушд ва вусъати бештар пайдо намудани доираи нуфузи забони давлатӣ, ҷиҳати инкишофи забон ва фарҳанги ақаллиятҳои миллии муқими Тоҷикистон тадбирҳои зиёд амалӣ менамояд. Санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки дар бораи забон қабул шудаанд, ҳифзи забони давлатӣ ва дигар забонҳои ҳудуди ҷумҳуриро таъмин менамоянд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар суханрониҳои хеш масъалаи поку беолоиш нигоҳ доштани забони давлатӣ ва баланд бардоштани мақоми онро дар ҷомеа ба миён мегузоранд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари забони давлатӣ барои истифодаи озоди забонҳои модарии намояндагони дигар миллату халқиятҳои сокини мамлакат тамоми шароит ва заминаҳои ҳуқуқӣ муҳайё гардидаанд.

Дар зер андешаҳои нависанда, шореҳи адабии АМИТ «Ховар» Мансур СУРУШ дар робита ба гиромидошти забони модарӣ ва чандин забони дигаре, ки дар ҷумҳурии мо бо он такаллум мекунанд, пешниҳоди  хонандагон мегарданд.

Боре бо як нафар дӯстам, ки зодаи Бадахшон, маъруф ба Боми ҷаҳон аст, сари як пиёла чой нишаста, суҳбат мекардем. Ҳамон дам занги телефони ҳамроҳаш баланд шуд. Ӯ аввал ба рақам синчакунон назар карду баъд узрхоҳона гуфт:

— Бубахшед, ман ҳоло бо забони шуғнонӣ гап мезанам.

Бо касе гарму ҷӯшон аҳволпурсӣ карду ба сухани ӯ гӯш дод. Баъд телефонро хомӯш намуду ба ҷайб гузошт.

— Ту чаро одамонро таҳқир мекунӣ? – рӯ овардам ба вай.

— Ман касеро таҳқир накардаам, — ҳайратзада посух дод ӯ.

— Пас чаро ту барои бо забони модарӣ гап задан аввал узр мепурсӣ? Оё ин гуноҳ аст? Магар узрхоҳӣ дар ин маврид таҳқири дигарон нест?! Забони модарӣ барои ҳар кас азиз, гузашта аз ин муқаддас аст ва ӯ ҳақ дорад бо ин забон ҳар қадар ва дар ҳар куҷо ҳарф занад. Ин қарз ва шарафи ҳар инсон аст.

Дӯстам шармиду бетакаллум шуд. Барои вораҳонидани ӯ ин мисраъҳоро аз шеъри устоди зиндаёд Мӯъмин Қаноат бар забон рондам:

Форсӣ гӯӣ, дарӣ гӯӣ варо,

Ҳарчӣ мегӯӣ, бигӯ.

Баҳри ман танҳо забони модарист,

Ҳамчу шири модар аст.

Ҳамсуҳбатам маънидорона ба ман нигаристу ин байти Нодири Нодирпурро аз шеъри ба Муҳаммад Иқбол бахшидааш хонд:

Гар дигар бор аз биҳишт оӣ фуруд,

Кай ба ҷуз шеъри дарӣ хоҳӣ суруд?

Мо бо нишони якдигарфаҳмию ризоят даст ба ҳам додем.

Нависандаи забардасти рус ҳангоми дар ғурбат буданаш дар васфи забони модарии хеш чунин суханони мондагорро ба меросбарони он эҳдо намудааст: «… о забони бузург, муқтадир, ростқавл ва озоди русӣ».

Мо, тоҷикон, низ барҳақ бояд аз Кирдигор шукргузор бошем, ки бароямон чунин забони бузург, дар ғановат камназир, шевою гӯшнавоз, забони биҳиштиро насиб гардонидааст. Дар миёни забонҳои ҷаҳон бегумон кам лисоне ҳаст, ки бо он бад-ин миқдор шоҳкориҳои адабию илмӣ офарида шуда бошанд.

Дар ҳама давру замон забони тоҷикӣ дар саросари қаламрави Осиёи Марказӣ забони коргузорӣ ва мукотибаи расмӣ, аслану урфан забони давлатӣ буд. Аммо танҳо дар даврони истиқлолияти ростини давлатӣ, ба шарофати кӯшишу талошҳои пайвастаи Пешвои миллат, фарзанди ҷонфидои халқу Ватан Эмомалӣ Раҳмон забони модарии мо ҷойгоҳи воқеан сазовори худро гирифт, ба чунин мақому мартабаи олӣ расид, ҳамасола мутантан арҷгузорӣ мешавад ва аз минбарҳои баланди олам садо медиҳад.

Насли мо насли хушбахт аст, ки чунин айёмро, ки аҷдоди мо фақат дар орзуяш буданд, дар марзи ду қарну ду ҳазорсола бо чашми сар дид. Албатта, ин мояи ифтихори беандозаи ҳар фарди миллатдӯсти тоҷик мебошад ва мо итминони комил дорем, ки забони лисонулғайби тоҷикӣ то ҷаҳон ҳаст, ҷовидон хоҳад буд. Ва мо ҳам суханони И. Тургеневро такрор ба такрор гӯем: «Ва наметавон бовар кард, ки чунин забон ба халқи бузург дода нашуда бошад». Халқи бузургвори мо посдори содиқу сазовори забони азимушшаъни хеш мебошад.

Тоҷикистон ҳамеша мамлакати сермиллат ва чунончи дар замони шӯравӣ мегуфтанд, «интернатсионалӣ» буд ва ҳамчун диёри меҳмоннавоз шӯҳрат дошт. Ва дар миёни намояндагони миллатҳои гуногун ашхоси кам набуданд, ки ба забони тоҷикӣ эҳтиром мегузоштанд ва онро ба дараҷаи аъло медонистанд. Баъзеи онҳоро ман дидаю аз суханрониҳояшон лаззат бурда будам. Силсила Бону, ҳамсар ва ҳамсафи устод Абулқосим Лоҳутӣ, ки дар тӯли 30 сол нуҳ ҷилди «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсиро ба тоҷикӣ тарҷума намуда буд, профессор Людмила Успенская, ки якҷо бо Муҳаммадҷон Раҳимӣ луғати тоҷикӣ-русӣ тартиб додааст, Мирра Явич, мутарҷими афсонаҳои халқи тоҷик, аз ҷумла «Бузаки ҷингилапо», Клавдия Благовешенская – Улуғзода, ҳамсари устод Сотим Улуғзода, донишманди адабиёти шифоҳии тоҷик ва дигарон аз ҷумлаи ҳамин гуна ашхосанд.

Тавре мегӯянд, «забон донӣ – ҷаҳон донӣ». Бо дарназардошти ин нукта Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид мекунанд, ки дар замони мо донистани забонҳо, аз ҷумла русию англисӣ шарти муҳим аст, алалхусус барои ҷавонон.

Ҳамзамон ин нуктаро ҳам бояд ба инобат гирифт, ки дар Тоҷикистон ба ғайр аз забони умумидавлатӣ боз чандин забонҳои дигар мавҷуданду амал мекунанд. Дар Бадахшон забонҳои язғуломӣ, шуғнонӣ, рӯшонӣ, ринӣ, вахонӣ, дар вилояти Суғд – забони яғнобӣ, ки аз қаъри асрҳо то замони мо расидаанд. Доираи истифодаи ин забонҳо нисбатан маҳдуд бошад ҳам, масалан забони ринӣ забони фақат як деҳа аст (?!), аммо онҳо ҳамоно зиндаю побарҷо ва фаъоланд. Магар ин мӯъҷизаи этнографӣ нест?!

Солҳои 2019-2021 дар Тоҷикистон Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудааст. Воқеан, Тоҷикистон бо табиати назаррабо, кӯҳҳои сар ба фалаккашида, кӯлҳои мусаффою рӯдҳои шодоб, ёдгориҳои таърихӣ, меваҳои шаҳдбораш барои хориҷиён ҷолиб аст. Агар онҳо донанд, ки Тоҷикистон дорои боз чунин як мӯъҷиза- серзабонӣ мебошад, таваҷҷуҳашон, билхоса диққати забоншиносону лаҳҷашиносон ба мамлакати  мо ба маротиб меафзояд.

Доир ба забонҳои помирию яғнобӣ олимони ҷаҳон асарҳои зиёд таълиф намудаанд. Ҳатто луғати яғнобӣ-русӣ вуҷуд дорад. Яке аз яғнобшиносони оламшумул профессор Алберт Леонидович Хромов буд.

Боре дар як маҳфил дар маркази фарҳангӣ ман шоҳиди суҳбати ӯ бо чанд марди пиронсоли яғнобӣ гардидам. Мӯйсафедон ба ӯ чизеро бо забони модариашон қисса мекарданду устод бо завқ механдид, баъд ӯ дар посух чизе мегуфту хандаи ҳамсуҳбатонаш баланд мешуд.

Ҳанӯз соли 1870, чунончи Абдураҳмони Мустаҷир дар «Сафарномаи Искандаркӯл»-аш менависад, узви экспедитсияи илмии Зарафшон забоншинос А. Кон дар роҳ бо чанд яғнобӣ шинос шуда, бори аввал тахмин мекунад, ки забони онҳо як шохаи забони қадимии суғдист.

Устод Айнӣ гаштаю баргашта таъкид менамуданд, ки лаҳҷаю шеваҳо сарчашма ва манбаи беохири пурғановат сохтани забони адабианд. Воқеан, агар мо сомеъи бодиққат бошем, дар лаҳҷаю шеваҳои манотиқи гуногун вожа, калима ва ибораҳоеро мешунавем, ки бешак сазовори ворид гаштан ба забони адабӣ ҳастанд. Чанд мисол меорам.

Ман зода ва парвардаи водии зарбахшу хуршедии Вахш ҳастам, ки он ҷо одамон аз ҳамаи гӯшаю канори Тоҷикистон маскунанд, бачагию наврасиам он ҷо гузашта, мактаби миёнаи рақами 1-умро хатм намудам. Ёдам ҳаст, ҳар сол ба дидорбинии мо аз деҳаи аҷдодиамон – Рарз, воқеъ дар болооби Зарафшон модаркалонам, бибӣ Каромат меомад. Ва агар мо- се акаю додари он замон ҳанӯз хурдсол байни худ муноқиша мекардем, ӯ сарзанишкунон мегуфт: «Уштулум накунед!». Аввало фикр мекардам, ки ин калима сирф лаҳҷавист, зеро аз забони ягон каси дигар нашунида будам. Лекин бо мурури вақт донистам, ки калимаи «уштулум» дар адабиёти классикии мо, аз ҷумла устод Рӯдакӣ, Ҳаким Фирдавсӣ, Ҳоқонии Шервонӣ, Мирзо Бедил, Мавлоно Ҷомӣ, ҳамчунин «Анвори Суҳайлӣ», «Таърихи Табарӣ» ба маънои «хархаша», «дуруштӣ», «ҷанг» фаровон истифода шудааст. Инчунин аз забони одамони одии деҳаи Рарз ман калимаю ибораҳоеро мешунидам, ки ба назари аввал сирф китобӣ менамоянд. Масалан, «ройгон», «муттако», «бетакаллум шудан», «тақозо» ва ғайра.

Дар як шеъри Қутбӣ Киром бо як калимаи бароям нав дучор омада будам: «синҳор». «Домод парда аз рӯйи синҳор мекашад». Бо мурури замон маълумам гашт, ки ин калима ба маънои «арӯс», «келин» дар лаҳҷаи мардуми Даштиҷум ҳамеша роиҷ будаасту ҳаст. Чӣ қадар зебо ва аз ҳама муҳимаш тоҷикона.

Дар охири солҳои 70-уми асри гузашта дар рӯзномаи «Маориф ва маданият» (саромади ҳафтавори «Адабиёт ва санъат» ва рӯзномаи «Омӯзгор») мақолаи рӯзноманигори шинохта Мулло Боқӣ дар мавзӯи баҳрабардорӣ аз лаҳҷаҳою шеваҳо ва забонҳои шартан ба ном кӯчак чоп шуд. Муаллифи нуктасанҷ як мисоли аҷибе оварда буд. Калимаи русии «ужин» ҳамчун «хӯроки бегоҳирӯзӣ» тарҷума мегашт ва ҳоло низ бисёр вақт ҳамин хел мегӯянд. Мулло Боқӣ навишта буд, ки дар забони яғнобӣ калимаи «шом» ё «шомӣ» ҳаст. Он айнан маънои «ужин»-ро медиҳад: «шомӣ хӯрдам» («я поужинал»). Магар ин беҳтар нест ба ҷойи ибораи сохтаи «хӯроки бегоҳирӯзӣ»?!

Мо дар замоне зиндагӣ мекунем, ки раванди ҷаҳонишавӣ торафт қувват мегираду вусъат меёбад. Ҷаҳонишавӣ яз як тараф ба ҳамгироии давлатҳо ва халқҳо мусоидат мекунад, вале аз тарафи дигар пайомадҳои манфӣ низ дорад. Хатари ҷиддии гум шудани асолати миллӣ ва аз байн рафтани бисёр забонҳо аз ҷумлаи ҳамон пайомадҳои ногуворанд. Ҳоло аз 6000 забони дунё 3000 забон зери хатари маҳвшавӣ қарор доранд

Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дурбинии ба эшон хос моро аз ин ҳушдор медиҳанд ва барои таҳким додани забони давлатӣ пайваста даъват ба амал меоранд. Дар робита ба ин бояд дар ёд дошта бошем, ки забонҳои помирию яғнобӣ ба дастгирӣ бештар ниёз доранд, зеро хатари нестшавӣ бештар ба забонҳои ба ном кӯчак таҳдид дорад. Агар дар замоне ки техникаю технологияҳо ба авҷи аълои тараққиёт расидаанд, Интернет фарогир аст, ин забонҳо, ки аз гирдоби таърихи тӯлонӣ аз насл ба насл гузашта зинда мондаанд, ин мӯъҷиза аз байн равад, наслҳои оянда нисбат ба мо чӣ мегуфта бошанд?

Барои ҳамин олимони забоншинос, муаррихон, мардумшиносон, аҳли адаб, кинобардорон бояд ҳама тадбирҳоро бо истифода аз имкониятҳои замони рушди бемонанд андешанд, то ин забонҳо побарҷо монанд. Онҳо сарвати маънавии моянд, бисёрзабонӣ, ки ҳамагон худианд, бояд мояи ифтихори ҳамаи мо бошанд.

Агар гулдаста аз гулҳои рангоранг сохта шавад, он боз ҳам зеботару хушбӯйтар мегардаду қиматаш дучанд меафзояд.

Февраль 21, 2020 10:49

Хабарҳои дигари ин бахш

ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад
Тандиси биринҷии чеҳраи Президенти Тоҷикистон ба Осорхонаи миллӣ супорида шуд
АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ. Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон фестивали муд баргузор мегардад
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТЕАТР. Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон барои пешрафти санъати касбии театрӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Суғд Фестивали вилоятии гулҳо доир мешавад
КОНИ ЛАЗЗАТ ВА ХОНИ НЕЪМАТ. Хабарнигори АМИТ «Ховар» оид ба таомҳои наврӯзӣ дар Бадахшон маълумот ҷамъоварӣ намуд
НАВРӮЗ-МАҲБУБТАРИН ҶАШНИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН. Суратгузориш аз таҷлили бошукуҳи ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи оммавӣ, илмӣ-техникии шуъбаи Академияи илмҳои Русия дар минтақаи Сибир Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Оши бурида дар Наврӯз ҳамчун рамзи умри дароз ва ҳаёти хушбахтона омода мешавад
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ЭҲЁ. Ин ҷашни ҷаҳонӣ бунёди маънавии миллати тоҷик мебошад
МАЗМУНҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР АШЪОРИ АҲДИ КЛАССИКИИ ФОРСУ ТОҶИК. Андешаҳои адабиётшинос дар хусус
НАВРӮЗ ДАР ЗАРАФШОН. Он бо «тухмҷангак»-и кӯдакон оғоз мегардад