21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Забон шиносномаи давлат ва яке аз муқаддасоти асосии он ба шумор меравад

Февраль 21, 2020 10:00

ДУШАНБЕ, 21.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ дода будем, ҳамасола  21 феврал мувофиқи қарори иҷлосияи 30-юми  Конференсияи Генералии ЮНЕСКО дар тамоми дунё Рӯзи байналмилалии забони модарӣ ҷашн гирифта мешавад. Дар робита ба мақсаду мароми ин ҷашн Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор Олимҷон МУҲАММАДҶОНЗОДА ба хабарнигори АМИТ «Ховар» чунин ибрози андеша намуд:

Мақсаду мароми ин ҷашн, пеш аз ҳама, таваҷҷуҳи оламиёнро ба гуногунрангии забонҳо ва рушду инкишофи онҳо ҷалб намудан, дар заминаи таҳаммулпазирӣ ва ҳамдигарфаҳмию муколама ба наздикшавию ҳамкории мутақобилаи миллатҳои гуногун мусоидат кардан, ҳамзамон тарғибу ташвиқи гуногунрангии байни фарҳангӣ ва байни забониро ба роҳ мондан, ба падидаҳои дузабонӣ (билингвизм) ва бисёрзабонӣ (полилингвизм) эҳтиром гузоштан, ба рушду нумӯи забонҳои ақаллиятҳои миллӣ мусоидат намудан, таҳқиқу омӯзиш ва ҳифзу интишори забонҳои хурду реза (ақаллиятҳои забонӣ)-ро ҳамаҷониба дастгирӣ намудан ба шумор меравад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар баробари Рӯзи байналмилалии забони модарӣ, ҳамасола  5 октябр  ба ифтихори қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забони давлатӣ – Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. Ҳадафи асосии ин ҷашн низ мусоидат намудан ба рушду нумӯи забони давлатӣ ва забонҳои дигари қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳар сол дар ин рӯз бо иштироки намояндагони гуногуни ақаллиятҳои миллӣ ва ақаллиятҳои забонии сокини мамлакат дар арафаи ин ҷашн мулоқот баргузор менамояд. Ҳадаф аз баргузории ин нишаст тақвияти робитаҳо дар ҳифз, густариш ва гиромидошти забони модарӣ мебошад.

Албатта, барои ҳар фард донистани забони модарӣ эҳтиром ба миллат ва гузаштаи хеш буда, инсонро ба рисолати азалӣ мепайвандад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти арҷгузорӣ ба забони модарӣ ва бузургиву неруи воқеии он  гуфтаанд: «Забони модарӣ хишти нахустини пойдевори кохи миллат ва яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллӣ мебошад».

Забони модарӣ инъикоскунандаи фарҳангу маърифати ҳар як миллат маҳсуб гардида, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари забони давлатӣ барои истифодаи озоди забонҳои модарии намояндагони дигар миллату халқиятҳои сокини мамлакат низ тамоми шароит ва заминаҳои ҳуқуқӣ муҳайё гардидаанд.

Забон сарчашма, калиди ҳамаи маънавиёт ва сарвати маънавии инсон ба шумор меравад, ки он барои камолот ва ташаккули инсонҳо дар рӯҳияи инсонпарварӣ хидмат мекунад.

Ҳифзи гуногунзабонӣ ва ҳимояву рушди тамоми забонҳои дунё гуногунпаҳлуии фарҳангу тамаддуни мардумони оламро дар сайёра тақозо мекунад, зеро ин ҳама ғановати тамаддуни оламиён аст. Эҳтиром ба забони модрии худ, фарҳанг ва тамаддуни хеш эҳтиром ба тамаддуни дигар инсонҳоро нишон дода,  решаи дӯстии инсонҳоро ба вуҷуд меоварад.

Дар замони соҳибистиқлолӣ забони модарии мо мақоми давлатӣ касб намуда, барои фароҳам омадани таъмину таҳияи як қатор заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ мусоидат намуд. Имрӯз ин забон забони расмии нишастҳо ва коргузории вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо мебошад.

Ҳамзамон ҳифзу густариши забонҳои бадахшонӣ (помирӣ) ва  яғнобӣ низ аз ҷониби давлат ва ҳукумати мамлакат аз мадди назар дур намондааст. Дар Тоҷикистон 11 забон дар маърази хатар қарор дошта, масъулинро зарур аст, ки барои ҳимоя ва густариши ин забонҳо иқдомҳои заруриро сари вақт амалӣ намоянд. Ҳарчанд ки дар баъзе ҷанбаҳо як қатор корҳои судманд анҷом дода шуда бошад ҳам, вале он ҳанӯз ҳам қаноатбахш нест. Моро зарур аст, ки аз ҳисоби намояндагони ин забонҳо мутахассисони зарурӣ омода карда, барои ҳифзи ин ганҷинаи бебаҳои миллат тадбирҳои саривақтӣ анҷом диҳем.

Қобили зикр аст, ки имрӯз дар давлати мо дар баробари тоҷикон намояндагони дигар кишварҳо, аз ҷумла, русҳо, арманиҳо, ӯзбекон, қирғизон, қазоқон, туркманҳо, бошқирдҳо ва ғайраҳо зиндагӣ мекунанд. Мутобиқи маълумоти Ҷамъияти «Дӯстии халқҳо» то ба имрӯз 16 ташкилоту муассиса ва ҷамъияту марказҳои ақаллиятҳои миллии сокини Тоҷикистон амал мекунад.

Албатта, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ақаллиятҳои сокини мамлакат заминаҳои муҳими ҳуқуқӣ шароит фароҳам оварда шудааст. Дар бахши такмили барномаҳои таълимии забони давлатӣ барои ақаллиятҳои миллӣ, таъсиси марказҳои омӯзиши забони давлатӣ маҳалҳои зисти ақаллиятҳои миллии сокини ҷумҳурӣ, ҳамчунин, омода кардани муаллимони фанни забони давлатӣ барои мактабҳои ғайритоҷикӣ аз ҳисоби намояндагони ин забонҳо то ба имрӯз аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдомҳои судманди зиёде амалӣ мешавад.

Ҳукумати мамлакат дар баробари забони давлатӣ барои таълиму омӯзиши забонҳои ақаллиятҳои миллии муқими Тоҷикистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудааст, ҳамзамон бобати ҳифзи асолати забон ва фарҳанги онҳо шароити мусоид  фароҳам оварда шудааст. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ба забони ақаллиятҳои миллӣ барномаҳои радио ва телевизион фаъол буда, ба бештари ин забонҳо рӯзномаву маҷаллаҳо нашр мешаванд, яъне мо ба ҳамаи забонҳо ва фарҳангҳои мамлакат арҷ мегузорем.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо соҳибзабононро пайваста баҳри посдории асолати забону фарҳангамон даъват намуда, дар суханрониҳои худ хирадмандона зикр намудаанд: «Дӯст доштан ва қадр кардани забони модарӣ ҳаргиз маънои бо он маҳдуд шудан ва аз омӯхтани забонҳои хориҷӣ даст кашидани шаҳрвандони моро надорад».

Мувофиқи маълумоти коршиносон, дар ҷаҳон ҳоло қариб ҳафт ҳазор забон мавҷуд аст, ки 90 дар сади онҳо эҳтимолияти дар ояндаи наздик аз байн рафтанро доранд.

Коршиносон бар он ақидаанд, ки ҳамасола ба таври ноаён аз харитаи забонҳои ҷаҳон 10 – 12 забон аз байн меравад, яъне забонҳои бузург забонҳои хурдро  ба коми худ фурӯ мебаранд.

«Агар ба назар гирем, ки забонҳо на фақат арзи ҳастӣ мекунанд, балки аз байн ҳам мераванд, — мегӯяд Котиби генералии созмони байналмилалии фарҳангии ЮНЕСКО – пас мо вазифадорем, ки барои муҳофизат ва нигоҳдории ин ҳама сарвати бебаҳои фарҳангӣ ҳар кореро, ки аз дастамон меояд, ба иҷро расонем».

Феълан, дар мамлакат аҳолии манотиқи гуногунро ном бурдан мумкин аст, ки ин вазъи дузабонӣ ва биёрзабониро ҳифз намудаанд.

Бавижа дар  навоҳии минтақаҳои мазкур  мардум аксарият тоҷикзабон мебошанд  ва дар баробари забони модарӣ  забонҳои қирғизӣ, туркманӣ, ӯзбекӣ ва русиро низ  медонанд ва бидуни мушкилӣ бо ҳам суҳбат мекунанд.

Дар мамлакат дар баробари забони миллӣ, ки мақоми давлатиро соҳиб аст, омӯхтани забони русӣ чун забони муоширати байни миллатҳо то андозае густариш ёфт ва ин василае гашт бобати огоҳӣ пайдо намудан аз ҳаводиси ҷаҳон, адабиёти илмию бадеии  ҷаҳонӣ ва ин ба шаҳрвандон бобати воридшавӣ ба фазои иттиллоотии ҷаҳонӣ  шароити хубе омода месозад.

Дар баробари забони русӣ забонҳои англисӣ, немисӣ, арабӣ, чинӣ ва ғ. доираи истифода ва густариши васеъ пайдо менамояд.

Дар мамлакат барои қавму миллатҳои дигари Тоҷикистон имкониятҳо фароҳам оварда шудаанд, то ба забони модариашон таҳсил кунанд, расму оин ва анъанаҳои миллии худро давом диҳанд.

Имрўзҳо масъалаи забон ба ҳайси яке аз рукнҳои муҳими сиёсати дохилии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Давлат бе забон вуҷуд дошта наметавонад ва забон шиносномаи давлат, яке аз муқаддасоти асосии он ба шумор меравад. Таваҷҷуҳи давлат нисбат ба забон беш аз ҳарвақта афзун мешавад, зеро забон нишонаи муҳимтарини Истиқлолият, Ваҳдат ва соҳибфарҳангиву соҳибдавлатист.

Февраль 21, 2020 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
Ҷойгоҳи паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар таъсиси ниҳодҳои хос оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон назаррас аст
Расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардидани ҷашни Меҳргон ифтихор аст
ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ ВА НАВРАСОН. Дар ин фазо кӣ ва ё чиро мебояд назорат кард?
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ ба Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» идома доранд
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент