4 феврал Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк», Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, Агентии хоҷагии ҷангал ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот» нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд

Февраль 3, 2020 10:00

ДУШАНБЕ, 03.02. 2020 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 4 феврал Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи «Тоҷикматлубот», Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти соли 2019 нишасти матбуотӣ мегузаронанд.

Нишасти матбуотии БДА «Амонатбонк» соати 09:00 дар бинои нави БДА «Амонатбонк» бо суроғаи хиёбони Рӯдакӣ, 105 доир мешавад.

Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ соати 10:00 дар маҷлисгоҳи Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ нишасти матбуотӣ баргузор менамояд.

Иттифоқи «Тоҷикматлубот» соати 10:00 дар Иттифоқи «Тоҷикматлубот» нишаст меорояд.

Агентии хоҷагии ҷангал нишасти матбуотиашонро соати 11:00 дар маҷлисгоҳи Агентии хоҷагии ҷангал баргузор менамояд.

Нишасти матбуотии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисод соати 11:00 ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа соати 14:00 дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» баргузор мешаванд.

Хотиррасон мекунем, ки тибқи нақшаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» ҷиҳати дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ  (хиёбони Рӯдакӣ, 40, ошёнаи 2, телефонҳои 221-34-24, 888-08-34-04) гузаронидани онҳо мувофиқа мекунанд.

Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузоршавии нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» www.khovar.tj  ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.

Февраль 3, 2020 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд