Агибай Смагулов бо муовинони Сарвазир, Суди Олӣ ва Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мулоқот анҷом дод
ДУШАНБЕ, 12.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Миссияи нозирон аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил назорати интихоботро ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома медиҳад. Дар доираи назорати интихоботи парлумонӣ дирӯз, 11 феврал муовини раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ Агибай Смагулов бо муовинони Сарвазир, Суди Олӣ ва Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мулоқот кард. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба дафтари Миссияи нозирони ИДМ хабар медиҳад.
Дар мулоқот бо муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим муовини раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ Агибай Смагулов ҷараёни маъракаи интихоботро баррасӣ карданд. Зимни суҳбат Азим Иброҳим аҳамияти маъракаи пешазинтихоботиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаҳмонида, андешаҳояшро барои дар мамлакат гузаронидани интихоботи одилона ва озод баён намуд.
Дар вохӯрӣ Агибай Смагулов бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зоҳир Саидзода масъалаҳои интихоботӣ, инчунин фаъолияти ташкилотҳои ҳайати нозирон аз ИДМ-ро баррасӣ намуданд.
Ҳамзамон Зоҳир Саидзода зикр кард, ки мақомоти корҳои хориҷӣ дар доираи қонунгузории миллӣ ба кори нозирони байналмилалӣ мусоидат хоҳад кард. Номбурда изҳор дошт, ки таъмини риояи меъёрҳои демократии интихоботи озод ва шаффоф яке аз вазифаҳои муҳимтарин барои Тоҷикистон мебошад.Худи ҳамон рӯз Агибай Смагулов бо муовини аввали раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Лутфуллозода мулоқот намуд.Агибай Смагулов дар бораи принсипҳои ҳайати нозирон аз ИДМ сухан гуфт. Дар навбати худ, Шавкат Лутфуллозода дар бораи кори мақомоти судӣ дар маъракаи интихобот, инчунин дар бораи иштироки судяҳо дар таълими аъзои комиссияҳои интихоботӣ маълумот дод.








Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид






