«Артиши миллӣ-сипари боэътимоди Ватан»-ҷамъомади идона дар Душанбе

Февраль 20, 2020 16:00

ДУШАНБЕ, 20.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон  таҳти унвони «Артиши миллӣ-сипари боэътимоди Ватан» ҷамъомади идона доир гардид. Дар он муовинони директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, меҳмонон аз сохторҳои низомии мамлакат ва афсарону сарбозон ширкат намуданд.

Тавре афсари  Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  Абдурашид Ҳотамиён иброз дошт, “27 сол қабл дар як замони ниҳоят душвори сиёсиву иқтисодӣ ва вазъияти душвор дар  заминаи холӣ таъсис додани  Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Точикистон барои роҳбарияти ҳукумати он давра хеле кори сангин буд. Имрӯз бо боварӣ метавон гуфт, ки саҳми Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Точикистон  дар барқароркунӣ ва пойдории сулҳу субот дар саросари мамлакат  беназир  аст”.

Мавриди зикр аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 25-солагии таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид доштанд, ки «Мақсади асосӣ аз таъсис додани Артиши миллӣ  ташкили неруи ҳарбие буд, ки ба ҳифзи истиқлолияту озодии мамлакат қодир бошад ва якпорчагиву тамомияти  арзии онро таъмин намояд. Гузашти солҳо нишон дод, ки бо шарофати далериву шуҷоат ва фидокориву ҷоннисориҳои хизматчиёни ҳарбӣ – фарзандони бонангу номуси Ватан дар давлати азизамон ҳокимияти қонунӣ барқарор гардида, барои сулҳу суботи устувор заминаи мустаҳкам фароҳам оварда шуд».

Февраль 20, 2020 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад