Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф. Дар вилояти Суғд озмуни ихтироъкорон ва навоварони ҷавон доир мегардад

Февраль 22, 2020 09:52

ДУШАНБЕ, 22.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба шарафи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф» эълон гардидани солҳои 2020-2040 моҳҳои июн-октябри соли равон озмуни ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилояти Суғд доир мегардад. Дар ин бора қарори Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба имзо расид.

Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, озмуни мазкур бо мақсади дарёфти истеъдодҳо дар соҳаҳои илму истеҳсолот ва тавсеаи тафаккури техникии насли наврас гузаронида мешавад.

Озмуни ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилоят дар самтҳои барномасозӣ ва низомҳои иттилоотӣ, дизайн ва меъморӣ, сохтмон, экология, геология, энергияи барқароршаванда, таҷҳизоти мошинсозӣ, маркшейдерӣ, металлургия, кӯҳкорӣ, техникаву технология ва илмҳои табиатшиносӣ доир шуда, ғолибон бо мукофотпулиҳо сарфароз гардонида мешаванд.

Ба донишҷӯён ва олимони ҷавон аз 3000 то 7 000 сомонӣ ва ба хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз 2000 то 5000 сомонӣ тақдим карда мешавад.

Февраль 22, 2020 09:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми байналмилалии «Ҳамкории муштараки киносозону продюсерон» ва нишасти матбуотӣ баргузор гардид
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир шуд
Иштирокдорони Анҷумани сеюми забоншиносони ҷаҳон бо осори таърихию фарҳангии Осорхонаи миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Пагоҳ дар Тоҷикистон Иди Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон оғоз гардиданд
ИМРӮЗ–РӮЗИ КИНОИ ТОҶИК. Аз соли 1991 то соли 2025 дар маҷмуъ 313 филм ба навор гирифта шудааст
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». 16 октябр Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг баргузор мегардад
ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ҶАШНВОРАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ЭЪТИРОФ ВА ҚАДРДОНӢ МЕШАВАНД. Эҳдо ба Рӯзи кинои тоҷик
Дар Минск бахшида бо Рӯзи байналмилалии бузургдошти Ҳофизи Шерозӣ ҳамоиш доир шуд
Дар даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 581 довталаб иштирок менамояд
«ТОҶИ СОМОН». Меҳмонони синамоҷоизаи миллӣ бо имконоти сайёҳии Тоҷикистон шинос мегарданд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» баргузор гардид