Бозии мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон ва Озарбойҷон мусовӣ анҷом ёфт
ДУШАНБЕ, 07.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринии даста дар шаҳри Анталияи Туркия бо ҳамсолони худ аз Озарбойҷон вохӯрӣ гузаронид, ки он бо ҳисоби 1:1 ба анҷом ёфт. Голро аз ҳайати Тоҷикистон Кабир Салимшоев ба ҳадаф расонид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар аввалин бозии санҷишии дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба муқобили дастаи «Коняспор»-и Туркия ҳисоб ба 1:1 баробар шуд. Бозии дуюми санҷиширо футболбозони навраси тоҷик 2 феврал бо дастаи «Виктория»-и Берлини Германия баргузор карда, бо ҳисоби 2:0 ғолиб омаданд.
Бозии хотимавии санҷишӣ дар шаҳри Анталияи Туркия миёни дастаҳои мунтахаби наврасони Тоҷикистон ва «Дебресен»-и Венгрия 8 феврал баргузор мешавад.
Ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Туркия яке аз марҳилаҳои омодагии футболбозони навраси тоҷик ба Чемпионати Осиё-2020 маҳсуб мешавад, ки аз 16 сентябр то 3 октябр дар Баҳрайн доир мегардад.
Бозиҳои санҷишӣ
31 январ (ҷумъа)
Тоҷикистон (U-16) – «Коняспор» (U-17, Туркия) – 1:1
Голи Тоҷикистон: Хусрав Тоиров.
2 феврал (якшанбе)
Тоҷикистон (U-16) – «Виктория» (U-17, Берлин, Германия) – 2:0
Голҳо: Суннатулло Азизов (2).
6 феврал (панҷшанбе)
Тоҷикистон (U-16) – Озарбойҷон (U-17) – 1:1
Голи Тоҷикистон: Кабир Салимшоев
8 феврал (шанбе)
Тоҷикистон (U-16) – «Дебресен» (U-17, Венгрия)
Акс аз сомонаи ФФТ








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






