Чаро дарёчаи Оби лояк ба партовгоҳ табдил ёфтааст? Ва ё бардошт аз нишасти матбуотӣ дар ноҳияи Файзобод
ФАЙЗОБОД, 05.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар нишасти матбуотии роҳбарияти ноҳияи Файзобод хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз масъулин сабабҳои ба партовгоҳ табдил ёфтани дарёчаи Оби лояк, ки аз маркази ноҳия мегузарад ва то се моҳ тоза накардани нуқтаҳои партовҷамъкуниро пурсон шуд.
Раиси ноҳияи Файзобод Миралӣ Раҷабзода зимни нишасти матбуотӣ аз фаъолияти масъулини Раёсати ҳифзи муҳити зисти ноҳия, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, ҷамоати шаҳраки Файзобод ва Хоҷагии манзилию коммуналии ноҳия изҳори нигаронӣ намуда, иброз дошт, ки аз паст будани маърифати экологии баъзе сокинон ин мушкилот дар дарёчаи Оби лояк ба таври ҳамешагӣ мушоҳида мешавад.
Вале бо сабабҳои гуногун масъулини сохторҳои мавҷуда ба таври дақиқ ба саволҳои хабарнигор ҷавоб нагуфтанд.
Тибқи иттилои сокинони ноҳия, дарёчаи Оби лояк дар фаслҳои тобистону тирамоҳ ва зимистон ба партовгоҳи асосии маркази ноҳия табдил меёбад. Масъулини ноҳия интизор мешаванд, ки дар фасли баҳор дарёча сероб шуда, баъди омадани сел даҳҳо ҳазор куб партовро худаш тоза намояд. Вале онҳо худ ташаббус нишон дода, барои зиёд намудани нуқтаҳои партовҷамъкунӣ дар шафати ин дарёча ва сари вақт тоза намудани ин нуқтаҳо ҳеҷ иқдоме пеш намегиранд.
Қобили зикр аст, ки дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» ва пешгирии бемориҳои сироятӣ дуруст мебуд агар соҳили ин дарёча тоза нигоҳ дошта шуда, баҳри баланд бардоштани маърифати экологии сокинон корҳои фаҳмондадиҳӣ аз тарафи масъулин роҳандозӣ гардад.









«ТОҶИКИСТОН, ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН!». Парчами давлатӣ рамзи истиқлолу соҳибихтиёрӣ, ваҳдати миллӣ ва шарафу номуси миллат аст
Дар доираи «Барномаи омодасозии мутахассисон аз ҳисоби ҷавонон барои соҳаҳои иқтисодиёт» беш аз 41 ҳазор нафар бо ҷойи кор таъмин гардид
Дар Вазорати адлияи Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар шаш муассисаи тиббии шаҳри Душанбе барномаи рақамии «eTib» фаъол гардид
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Конфронси Вена оид ба муҳоҷират иштирок намуд
Дар Душанбе бахшида ба татбиқи Ёддошти тафоҳум дар соҳаи тандурустӣ байни Тоҷикистон ва Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Барномаи ҳамкорӣ байни Хадамоти иҷрои Тоҷикистон ва Бюрои иҷрои маҷбурии Узбекистон ба имзо расид
Конгресси байналмилалии «Инсон ва дору» баргузор гардид
Пешгирии бемориҳои сироятӣ масъулияти ҳар шаҳрванд аст
Дар Пекин масъалаҳои рушди қонунгузорӣ ва таҷрибаи муосири давлатдорӣ баррасӣ гардиданд
Дар Москва ҷаласаи 11-уми Алянси Авруосиёии омбудсменҳо баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Президент дар вилояти Суғд роҳпаймоии идона баргузор шуд






