CУТ тадбирҳои қатъии бархе давлатҳоро бар зидди коронавирус дастгирӣ кард

Февраль 28, 2020 14:33

ДУШАНБЕ, 28.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Директори генералии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) Тедрос Гебрейесус иқдомоти Россия ва як зумра давлатҳои дигарро дар мубориза бар зидди коронавирус зикр кард. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора ӯ зимни нишасти хабарии ҳаррӯзаи СУТ ибрози назар намуд.

«Якчанд давлатҳое ҳастанд, ки давоми ду ҳафтаи охир дар бораи ягон ҳолати нав хабар надоданд: Белгия, Камбоҷа, Ҳиндустон, Непал, Филиппин, Россия, Шри-Ланка ва Ветнам. Ҳамаи ин давлатҳо гуногунанд. Аммо мисоли онҳо собит менамояд, ки тадбирҳои қатъӣ ҷиҳати пешгирии паҳншавии ин беморӣ кумак мекунанд», — гуфт Гебрейесус.

Ӯ пайдоиши беморон дар кишварро чолише номид, ки ба он бояд фавран вокуниш намуд ва таъкид кард, ки ҳеҷ гуна кафолате ба пайдоиши ҳолатҳои нави сирояти коронавирус вуҷуд надорад. Ӯ Шветсия ва Финляндияро ба сифати мисол овард, ки дар онҳо то чанде пеш шумораи беморон тағйир наёфт, аммо ба наздикӣ дар бораи ҳолатҳои нав эълон карда шуд.

Роҳбари СУТ тазаккур дод, ки дар мубориза бар зидди коронавирус муносибати фарогир лозим аст. Ӯ инчунин фаъолияти ҳамоҳангшудаи мақомоти Чинро, ки барои пешгирии паҳншавии сироят кӯшиши зиёд ба харҷ додаанд, зикр намуд.

Илова бар ин, Гебрейесус таъкид кард, ки сарфи назар аз паҳншавии ҷаҳонии ин вирус, пандемия эълон кардан барвақт аст. Дар баробари ин, ӯ гуфт, ки хуруҷи COVID-19 дар Италия барои созмон ғайричашмдошт буд.

АКС: © «РИА Новости» / Максим Блинов

Февраль 28, 2020 14:33

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон