Данғара мизбони Фестивали фарҳангии ҷавонони хориҷӣ мегардад
ДУШАНБЕ, 26.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. 18 март дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Фестивали фарҳангии ҷавонони хориҷӣ таҳти унвони «Дӯстии ҷавонони ҷаҳон поянда бод» доир мегардад. Фестивали мазкур дар доираи тантанаҳои ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ баргузор шуда, дар он беш аз 300 нафар ҷавонон аз давлатҳои гуногуни ҷаҳон, намояндагони корпуси дипломатӣ, роҳбарону намояндагони созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ иштирок менамоянд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» роҳбари маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта» Каримҷон Салимзода хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, Фестивали фарҳангии ҷавонони хориҷӣ соли дуюм аст, ки аз ҷониби маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта»- и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш роҳандозӣ шуда, ҳадаф аз он мустаҳкам намудани дӯстии ҷавонони ҷаҳон, ҳамгироиву ҳамдигарфаҳмӣ, муаррифии фарҳангҳои ҳамдигар, ташаккули ҳисси ватандӯстии ҷавонон ва тақвият додани ҳамкориву дастгирии ҷавонони олам мебошад.
Фестивали фарҳангии ҷавонон аз бахшҳои мухталиф иборат буда, дар он рақсу тарона ва сурудҳои дилнишин бо забонҳои гуногун қироат карда мешаванд. Дар барномаи он ҷавонони хориҷӣ бо забонҳои тоҷикӣ суруд месароянд.
Инчунин ҳайати иштирокчиён аз шаҳри Норак, мавзеъҳои фарҳангӣ, фароғатӣ, таърихӣ ва Ҷамоати деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара дидан мекунанд.








Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст






