Дар Академияи идоракунии давлатӣ курси такмили ихтисос барои хизматчиёни давлатӣ оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 03.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси такмили ихтисос барои хизматчиёни давлатии мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия, ки солҳои 2018–2019 ба хизмати давлатӣ қабул гардидаанд, аз рӯи барномаи «Асосҳои ҳуқуқии хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид.
Дар расми ифтитоҳи курс Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухалил Ғафурзода, муовини ректор оид ба таълим Ҷумахон Файзализода, декани факултети такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ Саодат Иброҳимова инчунин, намояндаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қумринисо Азизова сухан карданд.
Абдухалил Ғафурзода мақсад аз гузаронидани курси мазкурро баланд бардоштани масъулияти хизматчиёни давлатӣ, бартараф намудани монеаҳои сунъӣ ва таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатӣ арзёбӣ намуд.
Зикр шуд, ки Пешвои муаззами миллат соҳаи хизмати давлатиро самти афзалиятнок эълон карда, онро барҳақ омили муҳимтарини таҳкими идоракунии самараноки давлат номидаанд. Ин аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам ба рушду инкишофи бемайлони соҳаи хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ, сатҳу сифати дониш ва кордонии хизматчиёни давлатӣ дар ҳама зинаи мақомоти давлатӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки то имрӯз бо мақсади ислоҳоти низоми идоракунии давлатӣ зиёда аз сад санади меъёрии ҳуқуқии соҳаи хизмати давлатӣ қабул гардида, дар рушди соҳа такони нав бахшиданд.
Дастгириву ғамхориҳои Пешвои миллат нисбат ба ин соҳа хизматчиёни давлатиро водор месозад, ки боз ҳам зиёдтар заҳмат кашида, ба масъалаи самаранокии идоракунии давлатӣ аҳамияти бештар диҳанд.
Курси мазкур то 22 феврал идома меёбад.








Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд






