Дар Академияи идоракунии давлатӣ рӯзи Артиши миллиро таҷлил намуданд

Февраль 22, 2020 10:32

ДУШАНБЕ, 22.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати таҷлили 27 — умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи  фарҳангӣ-фароғатӣ доир гардид. Ҳамоиши мазкур бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуд.

Ректори Академия Абдухалил Ғафурзода   иброз дошт, ки  Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1993 бо талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити мушкил таъсис ёфта, марҳилаҳои ниҳоят вазнинро тай кард ва имрӯз ба сипари боэътимоди Ватан ва таъминкунандаи амнияти мамлакат мубаддал гаштааст.

Таъкид шуд, ки ягон давлат ё миллате бидуни ҳимоя ва артиш вуҷуд дошта наметавонад. Имрӯз Тоҷикистон бо артиш ва Қувваҳои мусаллаҳи худ, ки воқеан ҳам пуриқтидор аст, ифтихор мекунад. Ҳоло Артиши миллии  мо таъминкунандаи амнияти ҳар сокини мамлакат буда, фаъолияти ниҳодҳои кудратӣ  хуб ба роҳ монда шуда, қисми зиёди кормандони ниҳодҳои қудратиро мутахассисони касбӣ ташкил медиҳанд.

Шуъбаи фарҳанг ва истеъдодҳои ҷавони Академия бо роҳбарии Ганҷина Сафарова чун ҳамеша дастагули рангини фарҳангиро, ки фарогири шеъру суруд, рақсу тарона ва саҳначаҳои ҳаҷвӣ буданд, пешниҳоди ҳозирин намуданд.

Февраль 22, 2020 10:32

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЯК МЕРОС, ДУ САРЗАМИН». Намоиши маҷозии муштараки Тоҷикистон ва Эрон баргузор мегардад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги ВМКБ, шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ишкошим, Мурғоб, Роштқалъа ва Файзобод баргузор мегарданд
Раиси шаҳри Шероз ёдгории таърихию фарҳангии «Қалъаи Ҳисор»-ро тамошо намуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Рӯшон баргузор гардид
Дар Душанбе 49 номгӯй адабиёти тозанашри кӯдакона рӯнамоӣ гардид
Дар пойтахти Тоҷикистон Рӯзи фарҳанги ноҳияи Ванҷ доир шуд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Шуғнон бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор шуд
Оид ба бостоншиносӣ ва нақши он дар ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ҳамоиш доир шуд
15 АВГУСТ–РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ БОСТОНШИНОСӢ. Зиёда аз 70 фоизи мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистонро ёдгориҳои бостонӣ ташкил медиҳанд
Тоҷикистон мизбони Бозиҳои XX Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ мегардад
Раиси шаҳри Шероз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос гардид
ТАМАДДУНИ ТОҶИКОН. Аз ёдгории таърихии «Сайёд» муҳри шоҳии марбут ба аҳди Кӯшониён дарёфт гардид