Дар Академияи идоракунии давлатӣ рӯзи Артиши миллиро таҷлил намуданд
ДУШАНБЕ, 22.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати таҷлили 27 — умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ доир гардид. Ҳамоиши мазкур бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуд.
Ректори Академия Абдухалил Ғафурзода иброз дошт, ки Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1993 бо талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити мушкил таъсис ёфта, марҳилаҳои ниҳоят вазнинро тай кард ва имрӯз ба сипари боэътимоди Ватан ва таъминкунандаи амнияти мамлакат мубаддал гаштааст.
Таъкид шуд, ки ягон давлат ё миллате бидуни ҳимоя ва артиш вуҷуд дошта наметавонад. Имрӯз Тоҷикистон бо артиш ва Қувваҳои мусаллаҳи худ, ки воқеан ҳам пуриқтидор аст, ифтихор мекунад. Ҳоло Артиши миллии мо таъминкунандаи амнияти ҳар сокини мамлакат буда, фаъолияти ниҳодҳои кудратӣ хуб ба роҳ монда шуда, қисми зиёди кормандони ниҳодҳои қудратиро мутахассисони касбӣ ташкил медиҳанд.
Шуъбаи фарҳанг ва истеъдодҳои ҷавони Академия бо роҳбарии Ганҷина Сафарова чун ҳамеша дастагули рангини фарҳангиро, ки фарогири шеъру суруд, рақсу тарона ва саҳначаҳои ҳаҷвӣ буданд, пешниҳоди ҳозирин намуданд.








Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад






