Дар Чин муҳлати зуҳури коронавирусро эълон намуданд

Февраль 24, 2020 10:20

ДУШАНБЕ, 24.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Нишонаҳои коронавирусро  дар сокини ноҳияи Шэннунсизя (музофоти Хубей дар Чин )  танҳо баъди 27 рӯз зуҳур намуданд. Тавре  АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора рӯзномаи People’s Daily  бо истинод ба ҳукуматдорони маҳаллӣ хабар додааст.

Ба ғайр аз ин, чанде пеш ВАО дар бораи ҳодисаи дигари  ба ин монанд, танҳо баъди 38 рӯз ошкор шуданд нишонаҳои коронавирус хабар дода буданд. Ин чунин маъно дорад, ки муддати зуҳури беморӣ метавонад беш аз ду ҳафта  тӯл кашад.

31 декабри соли 2019 ҳукуматдорони Чин ба ТУТ дар бораи рӯ задани бемории номаълуми илтиҳоби шуш дар шаҳри Ухан, воқеъ дар қисми марказии мамлакат (музофоти Хубэй) иттилоъ дода буданд.  Мутахассисон барангезандаи бемориро муайян карданд-он коронавируси нав мебошад. ТУТ рух додани ин бемориро ҳамчун вазъияти фавқулодаи дорои аҳамияти байналмилалӣ эътироф намуд ва ба он номи расмӣ — COVID-2019 дод.

Теъдоди ба коронавирус гирифторшудагони Чини қитъавӣ ба беш аз 76  ҳазор одам расида,  аз онҳо 2345 нафарашон  фавтидаанд,  20 ҳазору 659 нафари дигар шифо ёфта, аз беморхонаҳо ҷавоб шуданд.

Февраль 24, 2020 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон