Дар Душанбе Анҷумани Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон баргузор гардид

Февраль 13, 2020 09:00

ДУШАНБЕ, 13.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. 12 феврал дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Анҷумани 13 – уми Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон бо иштироки  311 нафар вакилон баргузор гардид. Кори Анҷуман бо қироати Суруди миллӣ оғоз шуда, сипас  ҳайати Раёсати Анҷуман ва роҳбарикунандаи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон интихоб гардид.

Тибқи пешниҳодҳо Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода,  Ризо Назарзода, Дилноза Аҳмадзода, Умед Раҳимзода, Шоҳзод Раҳимзода, Иброҳим Мирзозода- вакил аз шаҳри Душанбе, Сураҷ Чоршанбиев- вакил аз ВМКБ, Дилафрӯзи Абдулло, Фариза Абдуллоева- вакил аз вилояти Хатлон, Мирзоқосим Каримзода- вакил аз вилояти Суғд ва Каримҷон Салимзода- вакил аз минтақаи Рашт  интихоб шуданд.

Муовини озоди Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Умед Раҳимзода доир ба  фаъолияти 3- солаи Иттифоқи ҷавонон иброз дошт, ки ҷавонон дар ҷаҳони муосир қувваи бузурги пешбаранда ва бунёдгар эътироф шуда, рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии ягон давлатро бе иштироки ҷавонон тасаввур кардан ғайриимкон аст.

«Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон аз ягон идеалогия ва ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ вобаста набуда, бо сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ ва созмонҳои наврасон, ки дар доираи қонун амал мекунанд, робитаҳои мутақобилан судманд ба роҳ мондааст. Инчунин Иттифоқ бо мақсади ташаккули фарҳанги сиёсии  ҷавонон тайи солҳои сипаришуда як зумра корҳои фаҳмондадиҳӣ ва семинару конфронсҳоро дар шаҳру ноҳияҳо бо иштироки олимону муҳаққиқони соҳа роҳандозӣ гардидааст.

Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ дар мамлакат дар роҳи таҳкими ваҳдати миллӣ саҳми назаррас гузошта, ҳамчун ниҳоди ягонаи дорои ҳуқуқи пешбарии номзад аз номи кулли ҷавонони ҷумҳурӣ номзади арзанда ва маҳбуб- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои интихоб гардидан ба вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 пешбарӣ намудааст.

Дар ин радиф, аз номи кулли ҷавонони мамлакат пешниҳод гардидан ва ҳамасола таҷлил намудани 16 ноябр – Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ташаббусҳои наҷиби Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад»,- гуфт Умед Раҳимзода.

Намояндагони филиалҳои «Иттифоқҳои ҷавонони Тоҷикистон» дар ВМКБ, вилоятҳои Хатлон, Суғд ва шаҳри Душанбе зикр намуданд, ки воқеан, таҷрибаи солҳои охир дар ҷаҳони муосир нишон медиҳад, ки ба дастовардҳои сиёсиву иқтисодӣ ва инкишофи устувори ҷомеа танҳо кишварҳое муваффақ гардидаанд, ки ба масъалаи ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, аз имкониятҳои фаровони ақлонӣ ва ҷисмонии онҳо самарнок истифода мебаранд.

Февраль 13, 2020 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар минтақаи Кӯлоб шумораи нафақагирон беш аз 127 ҳазор нафарро ташкил медиҳад
Ба 12 оилаи аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардид
Оид ба низоми электронии дипломҳо машваратҳои омӯзишӣ баргузор шуданд
ТАВСИЯҲОИ МУФИД. Доир ба аҳамият ва тарзи тайёр намудани шарбату консерваҳо барои фасли зимистон
Доир ба татбиқи «Барномаи давлатии солимии репродуктивӣ барои солҳои 2023-2027» ҷаласа баргузор шуд
ОГОҲӢ! Аз 25 то 27 июл дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Кумаки Президенти Тоҷикистон ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Рӯшон расид
Ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон доир ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» ҳамоиш баргузор шуд
Сокинони деҳаҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Рӯшон бо неруи барқ таъмин карда шуданд ‎
Беш аз 1500 нафар аз шаҳри Душанбе дар асоси иҷрои Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи авф» ба озодӣ баромаданд
Дар ноҳияи Шаҳринав ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид