Дар Душанбе Фестивали «Таронаи сарбоз» баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 18.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев Фестивали ҷумҳуриявии «Таронаи сарбоз» баргузор гардид. Фестивали мазкур ба шарафи 27-умин солгарди Рӯзи таъсиси Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, дар он сарбозону афсарони қисмҳои низомии мамлакат иштирок намуданд.
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода афсарону сарбозони ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо Рӯзи таъсиси Артиши миллии Тоҷикистон табрик намуда, гуфт, ки бунёди ҷомеаи пешрафта ва давлати аз лиҳози сиёсиву иқтисодӣ устувор мароми ҳар як мамлакат буда, он дар сурати ҳукмфармо будани сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, амнияти ҷомеа тарҳрезӣ ва зимни амалӣ намудани корҳои бузурги созандагию ободонӣ имконпазир мешавад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни амалӣ намудани ин иқдомҳои наҷиб ва корҳои муҳиму шоиста нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун бунёдкори давлати навини тоҷикон ва ифодагари ҷавонони дорои неруи азими зеҳниву ҷисмонӣ баҳри иштирок дар ҷараёни фаъолияти пурмаҳсули давлатсозӣ бениҳоят арзишманд мебошад.
«23 феврали соли 1994 дар Тоҷикистон нахустин паради ҳарбии Артиши миллӣ баргузор шуда, он рӯз расман санаи таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Сарфи назар аз вазъи номусоидии ҳарбию сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ Сарвари давлат — Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии мамлакат таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамуданд. Зеро амнияти давлату миллат ва пешрафти тамоми соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт, тартиботи ҳуқуқӣ, пеш аз ҳама, аз тинҷию оромӣ ва мустаҳкамии марзу буми давлат вобастагӣ дорад»,- гуфт Абдулло Раҳмонзода.
Дар ҷамъомад намояндагони Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, Гвардияи миллӣ, Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа, Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар васфи Ватан, модар, ҷавонӣ ва ишқ таронаҳо сароиданд.













Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд






