Дар Душанбе Маркази муосири диабети қанд ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 28.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе Маркази муосири диабети қанд ба истифода дода шуд. Маркази мазкур аз толори варзишӣ, ошхона ва синфхонаи замонавӣ иборат буда, он аз ҷониби Сарраёсати агентии туркӣ оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) дар якҷоягӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии Ҳамадонӣ сохта шудааст. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дар маросими ба истифода додани Маркази диабети қанд Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алӣ Рафъат Кёксал иштирок намуданд.
Насим Олимзода иброз дошт, ки ба истифода додани маркази замонавӣ ва муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосир барои табобати беморони диабети қанд самараи ҳамкории мутақобилан судманди ҷонибҳо мебошад. Маркази муосири диабети қанд барои гузаронидани омӯзишҳои иттилоотӣ равона шудааст. Дар ин ҷо беморони гирифтори диабети қанд метавонанд доир ба бемории худ аз мутахассисони соҳа маълумот ва тавсияҳои зарурӣ гиранд.
Соли 2019 шумораи гирифторони бемории диабети қанд дар мамлакат 46 ҳазору 258 нафар ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора 20 ҳазору 421 нафарро мардон ва 25 ҳазору 837 нафарро занон ташкил медиҳанд.
Ёдовар мешавем, ки бо мақсади пешгирӣ ва дарёфти роҳҳои ҳалли фарбеҳшавии аз ҳад зиёд, ки дар охир сабаби гирифтор шудан ба бемории диабети қанд мегардад, 30 сентябри соли 2019 зимни баргузории маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019 – 2024» қабул гардид.
Барномаи мазкур маҳз бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим тавассути пешгирии бемориҳои ғайрисироятӣ, аз ҷумла фарбеҳӣ ва оқибатҳои он таҳия ва қабул гардид.








Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид






